Мантиқ

он гоҳ» ва дигар ҳосил карда мешаванд. Масалан «Аз шахсоне, ки дар ин ҷо ширкат доранд ҷинояткорро кӣ шинохт ва дар натиҷа ҳиссиёти ў чӣ гуна тағйир ёфт?». Ҳангоми ба саволи мураккаб ҷавоб гуфтан хуб мешавад, ки вайро ба саволҳои содда тақсим намоем. Саволи намуди зерин; «Агар ҳаво хуб шавад, мо ба кўҳ меравем?» ба гурўҳи саволҳои мураккаб дохил намешавад. Барои он ки вайро ба ду саволи мустақили сода ҷудо кардан мумкин нест.
3) Вобаста аз тарзи матлаби чизи номаълум саволҳо аниқкунанда ва пуркунанда мешаванд. Саволҳои аниқкунанда барои ошкор кардани дурустии фикре, ки дар ҳукм ифода ёфтааст, равона карда мешавад. Дар таркиби ин гуна саволҳо ҳамеша ҳиссачаи «оё» ширкат менамояд. Масалан, «Оё рост аст, ки Аҳмадов рисолаи дипломиашро бо баҳои аъло ҳимоя кардааст?», «Оё дар ҳақиқат аҳолии шаҳри Маскав аз аҳолии Париж зиёд аст?», «Оё дуруст аст, ки агар вай тамоми имтиҳонҳояшро бо баҳои «аъло» супорад, идрорпулиаш зиёд мешавад?» ва дигарҳо.
Саволҳои пуркунанда барои ошкор кардани нишонаҳои нави объекти таҳқиқ равона карда мешаванд, то ки маълумоти нав пайдо шавад. Шакли грамматикии ин гуна саволҳо чунинанд; «кӣ?», «чӣ?», «барои чӣ?», «кай», «дар куҷо?» ва монанди онҳо. Масалан «Ҳодисаи нақлиёти роҳ кай рух дод?» «Калимаи «сарпараст» чиро ифода мекунад?» ва ғайраҳо.
4) Аз рўи миқдори ҷавобҳои имконпазир саволҳо кўшод ва пўшида мешаванд. Саволи кушод ин чунин саволест, ки барои он ҷавобҳои бисёр мавҷуданд. Агар барои савол миқдори маҳдуди ҷавобҳо мавҷуд бошад ингуна саволро пўшида меноманд. Чунин саволҳоро бештар дар амалияи тафтишотию судӣ, дар тадқиқоти сотсиологӣ истифода мебаранд.
Масалан, саволи «Муаллим лексияро чӣ хел мехонад?» - саволи кушод аст, чунки ҷавобҳои зиёдро тақозо мекунад. Саволи «Муаллим лексияро чӣ хел мехонад: хуб, қаноатбахш ё бад?» - саволи пўшида аст.
5) Аз рўи тарзи гузориш саволҳо ба саволҳои мантиқан дуруст ва саволҳои мантиқан нодуруст ҷудо мешаванд.
Саволҳое, ки ба онҳо ҷавобҳои ҳақ ё дурўғ додан мумкин аст, саволҳои мантиқан дуруст номида мешаванд.
Саволҳои мантиқан нодуруст ду навъанд; саволҳои мантиқан нодурусти бемаънӣ ва саволҳое, ки мантикан нодуруст бошанд ҳам, лекин бемаънӣ нестанд.
Саволҳое, ки ба онҳо ягон хел ҳам ҷавоб додан мумкин нест, саволҳои бемаънии нодуруст номида мешаванд. Одатан ин гуна саволҳо бо ҷумлаҳое ифода меёбанд, ки онҳо калимаҳои норавшан ё номаълумро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё