Мантиқ

- Ҳангоми баёни савол вайро бояд аз саволҳои хитоба (риторикӣ) фарқ кунонида шавад. Чӣ хеле ки дар боло таъкид кардем, саволҳои риторикӣ ҳукмҳоанд, ки ягон чизро тасдиқ, ё инкор мекунанд. Аз ҳамин сабаб онҳо ҳақ, ё дурўғ буда метавонанд. Лекин саволҳо ҳақ, ё дурўғ буда наметавонанд.
Моҳият ва навъҳои ҷавоб. Ҷавоб – ҳукмест, ки онро савол талаб кардааст. Вазифаи асосии ҷавоб инҳоянд:
а) ҳарчи кам кардани номуайяние, ки дар савол вуҷуд дорад; б) ошкор кардани саволгузории нодуруст. Дар хотир дошта бошем, ки як савол метавонад ҷавобхои гуногун дошта бошад. Аз ҳамин сабаб навъҳои зерини ҷавобҳоро фарқ кардан лозим аст. - Вобаста аз соҳаи ҷустуҷўӣ ҷавобҳо ба «мустақим» ва «ғайримустақим» ҷудо мешаванд. Ҷавобе, ки бевосита аз соҳаи ҷўстуҷўӣ, бе ягон маълумоти иловагӣ гирифта мешавад, ҷавоби мустақим ном дорад. Ҷавобе, ки на танҳо аз соҳаи ҷустуҷўӣ, балки аз соҳаҳои нисбат васеъ низ гирифта мешавад, ҷавоби ғайримустақим меноманд. Масалан, агар ба саволи «Оё шаҳрванд Қосимов ҳамин ҷиноятро содир кардааст?» ҷавоби «Вақте, ки ин ҷиноят содир шуд, шаҳрванд Қосимов бо аҳли оилааш дар шаҳри дигар дар хонаи хешу ақрабояш буд» дода шавад, ин ҷавоб ҷавоби ғайримустақим аст.
Лекин аз ин ҷавоб мантиқан бармеояд, ки «шаҳрванд Қосимов ин ҷиноятро содир накардааст». Назар ба ҷавоби мустақим, дар ҷавоби ғайримустақим бисёр вақт маълумоти иловагӣ пайдо кардан мумкин, ки онҳо ҳангоми таҳқиқи ҳаматарафаи масъала истифода бурда мешаванд. - Аз рўи ҳаҷми ахбор ҷавобҳо мукамал (пурра) ва номукамал (нопурра) мешаванд. Ҷавоби мукамал номуайяние, ки дар савол ҳаст бартараф карда, чизи номаълумро маълум мегардонад. Ҷавоби номукамал номуайяние, ки дар савол ҷой дорад то андозае равшан мекунаду халос. Дар натиҷа, чизи номаълум каме маълумтар мешавад. Масалан, вақте ки ба саволи «Оё ҳукумат омода аст, ки ҳокимиятро ба даст дароварда дигаргунсозии иқтисодиро амалӣ гардонад?» намояндаи парлумон ҷавоб дод: «Ҳукумат наметавонад дигаргунсозии иқтисодиро амалӣ гардонад, барои он ки то ҳол консепсияи вай баррасӣ нагардидааст». Ин ҷавоб номукаммал мебошад, чунки қисми аввали савол бе ҷавоб монд.
Илова бар ин ҷавобҳо нисбат ба савол, ҷавоб аз рўи моҳияти савол ва канорагирӣ аз савол мешавад. Вобаста аз дараҷаи аниқиашон ҷавобҳо муайян ва номуайян; аз рўӣ сохти грамматикиашон - мухтасар ва васеъ; аз рўи хусусияти семантиқиашон – ҳақ ё дурўғ мешаванд.
Қоидаҳои ҷавобгўӣ: - Ҷавоб бояд аниқ, равшан ва мухтасар бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё