Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Омадиву ба чашми сар дидӣ:
Монда бар ту ҳама азоби туро, Беҳаё чанд бехуду берў Карда азхуд ҳама китоби туро.
Ҷумлаҳое, ки аз забони Ватан Ҷамъ кардӣ ту бениёзона, Аз забонхойии «забонсозон»
Ҷумлаҳо шуд замонасозона.
Ҳеҷ моро нашуд забони дароз Он кутубе, ки аз забон хондем, Аз забон монда балки илми забон, Анқарибе худ аз забон мондем.
Аз забонат гулу гиёҳи мазор Гўядам: аз ту хушзабонтар нест, Он қадар меҳр бурдаӣ бар хок, К-аз мазори ту меҳрубонтар нест.
Хоки покат, ки розгў буда Бо забони гулу забони гиёҳ, Нашунидаст тоҷикӣ, афсўс, Раҳ дароз асту мо – забонкўтоҳ…
Хоб дидам, ки бо ту мегуфтам:
Сивусесолаӣ туву ман ҳам, Нақдамон дил бувад зи неку зи бад, Моламон ҷон бувад зи бешу зи кам.
Боз дар хоб бо ту мегуфтам:
Мо агар мешудем ҳамдаврон, Ба яқин, мешудем ҳамсангар, Ба яқин, мешудем ҷўраи ҷон…
Боз дар хоб будаам ҳайрон, К-ин қадар моилӣ бар оянда, Худ ба худ зери лаб ҳамегуфтам:
Балки ман мурдаам, туӣ зинда…
Бо аламҳои ту шудам бедор, Эй маро ҳамдилу маро ҳамсол, Ҷовидонӣ забони ту гўёст, Ман вале бо ғами ту лолам, лол.
Дўшбору гўшбор
Аз қисматам наноламу бояд бигўямат:
Он қадр ҳам набуда сабук дўшбори ман, Аз он даме валек, ки дар суҳбати туям, Вазнин зи дўшбор бувад гўшбори ман.
Хандаи гул зи мо намеояд, Оҳи булбул зи мо намеояд.
Он қадарҳо ба ҳеҷ печидем, Печи кокул зи мо намеояд.
Завқурёну тавқурёнем, Рамзу сумбул зи мо намеояд.
Дили дарё намерасад бар ёд, Хидмати пул зи мо намеояд.
Гуфтӣ: шеърам надида нек бубин, Ин тағофул зи мо намеояд!
Шеъри испед ё ки шаъри сиёҳ24
–
Ин тақаббул зи мо намеояд!
Бо чунин каллаву чунин дастор Ҷуз таҷоҳул зи мо намеояд!
Ҳама мафтуни ҷузъиёти худем, Ҷилваи кул зи мо намеояд.
Шиша гаштем аз шаробхурӣ, Ғайри қул-қул зи мо намеояд…
Нестам ман мурғи кўчӣ…
Нестам ман мурғи кўчӣ, то занам пар, Фасли сармоят равам бар мулки дигар, То ки ҳастам дар ҷаҳон, чун кабки манзил Дар канорат метапам ман, мезанам дил.
Баҳри ман яктостӣ чун модари ҷон, Аз канорат кай равам, эй Тоҷикистон?!
Дар ду дунё бе ту ман дунё надорам, Бе ту дар дунё сари боло надорам, Гар самои беғуборат бар сарам нест, Дил ба мисли болу пар андар барам нест.
24 тирагӣ, зулмат Баҳри ман яктостӣ чун модари ҷон, Бекаронтар аз ҷаҳон, эй Тоҷикистон!
Сурма бар чашм аз ғубори ту бигирам, Гар бимирам, дар канори ту бимирам, Ҷисми ман пайванд бо хоки ту монад, Рўҳи ман бар авҷи афлоки ту монад.
Баҳри ман яктостӣ чун модари ҷон, Баҳри ман ҷовид бимон, эй Тоҷикистон!
ҒАЗАЛВОРИ ДУШАНБЕ
Бишкуфта гулу хор ба гулзори Душанбе, Гулзори дили мост гулу хори Душанбе.
Бо ў ғаму дарди каму бисёри ҷаҳон чист, Морост ҷаҳоне каму бисёри Душанбе.
Кайфияти дидан ба ҳавас тирукамонаш Барҳам мазан, эй тиру камондори Душанбе.
Набвад зи Душанбе ба дилаш хори ҷафое, Фарзанди Душанбест вафодори Душанбе.
Бедори варо дур аз ў чун бубарад хоб, Дар хоб бубинад дили бедори Душанбе.
Чун ҷои гуле ҷои ту холист ба боғаш, Эй зодаи ҳоло ба ҷаҳон хори Душанбе.
Сангин бувадаш бор, ту, эй дўст, куҷоӣ, Боз ой, намоем сабук бори Душанбе.
Эй Рўдакӣ, имрўз бидеҳ беш зи ҳар рўз Панде ба зихудрафтаву ҳушёри Душанбе.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё