Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Боғро зеб медиҳад сабза,
Беҳтаринаш ҳамин мукофот аст.
Худ бувад баҳри ман мукофоте, Гар бувад шеър асли тақдирам, Эй мукофотбахшҳо, маъзур,
Ман мукофотро намегирам.
Худ дили пур маро беҳ аз дунёст, Худ ҷавонӣ маро мукофотест, Синаам аз нишони дил пур шуд, Дар сари синаам дигар ҷо нест!
Ин дам аз ҳиммати шумо дигар Бе мукофот кас намонда қариб, Аз барояш ҳавас намонда, дареғ, Қиматаш ҳамчу хас намонда қариб.
Буда шоиста, лек нагрифта
Ин мукофотро чи боҳунарон, Бори озурдагии дилҳошон
Ҳар замон мешавад гарону гарон.
Гар мукофот медиҳед ҳалол, Аз ҳама Юсуфист лоиқтар,
Бистунуҳсола монда ҷовидон, Аз Лаҳистон наояд арчи дигар.
Гар мукофот медиҳед аз сидқ, Аз чи Толис зи саф бурун монда? – Дар ҷавонӣ чу баҳри халқи диёр Сару дил бедареғ афшонда.
Бояд ин дар Ватан шавад хушном, Берун аз ҷумла фанду фан бошад.
Ин мукофоти камбаҳои шумо
Ё ки боло аз он ду тан бошад?!
Рости гап, агар зи ман пурсед, Бе мукофот зиндагӣ беҳтар, Баски он як ҷудоиандоз аст Ҷовидонӣ миёни аҳли ҳунар.
Сад мукофот ҳам шавад таъсис, Мешавад ҷумла они беҳунарон…
Боҳунарро куҷост вақти талош, Бувадаш ин талош бори гарон!
Бар мани бениёз, то ҳастам, Ному нанги Ватан мукофот аст, Бо ғамаш баски мурдаам бисёр, Зиндагӣ худ ба ман мукофот аст.
То ки танг аст ҳоли халқу Ватан, Низ ман дарди бекарон дорам, Дар сари сина гар нишонам нест, Дар дил аз доғашон нишон дорам!
Ман бар онам, ки шеърро мардум Гар пазиранд чун муноҷоте, К-аз дили шоираш бурун гашта, Нест беҳтар аз ин мукофоте.
Пуштибонӣ зи ҳарфи ман кардед, Ноқидони азиз, шукри шумо, Эй ҳаводору ҳамдилон, аз ҷон Мекунам боз низ шукри шумо.
Нестам гарчи заррае ношукр, Нестам гарчи заррае мағрур, Ман мукофотро намегирам,
Эй мукофотбахшҳо, маъзур.
Халал аз кас надида, бехалал кардӣ халалбозӣ, Амал нокарда корӣ, кардаӣ азми амалбозӣ.
Мағалҳо аз муғул савдои дерин аст, медонам, Яқин, нагрифтӣ аз аҳди муғул ғайри мағалбозӣ.
Ҷаҳон шуд дигару дар қайди бозиҳои дигар монд, Ту ҳоло ҳам тағобозӣ, дағобозӣ, дағалбозӣ.
Куҷо ояд зи ту ҷуз хидмати хирсона мардумро, Агарчанде асалхоҳӣ, асалхорӣ, асалбозӣ.
Хурӣ дар ҳар маҳал савганд аз миллат ба сад ҳилат, Вале донам - маҳалхоҳӣ, маҳалҷўӣ, маҳалбозӣ.
Гар ин миллат бувад, донад, ки милён мил аз ў дурӣ, Ба наздикаш агарчӣ қиссасозиву масалбозӣ…
Роҳ мегирад ба сўи ҳамқадаҳ, 1990 Ҳаст умраш ҷустуҷўи ҳамқадаҳ.
Гар пур аст аз орзў дунёи пир, Ў пур аст аз орзўи ҳамқадаҳ.
Беғалат андар ҷаҳони рангу бў Мешиносад рангу бўи ҳамқадаҳ.
Мебарад аз ёд кўи хешро,
Мерасад охир ба кўи ҳамқадаҳ.
Бигзарад аз хешу аз дунё, вале Нагзарад ҳаргиз зи рўи ҳамқадаҳ.
Бехи паймона паёпай мекунад Орзў нашъу нумўи ҳамқадаҳ.
Орзўяш буда дар ҳар нўшбод Сиҳҳати машку сабўи ҳамқадаҳ.
Мекунад чанде риоят мардвор Бо ҳазорон таб табуи ҳамқадаҳ.
Аз гулўи шиша мегирад нахуст, Баъд аз он - ҳам аз гулўи ҳамқадаҳ.
Хешро меёбад охир субҳдам
Баъди ҷўёҷў ба ҷўи ҳамқадаҳ.
Гулхор
Бувад то зинда, бинмоем хораш, Мурад, монем гулҳо бар мазораш.
Танҳо
Дар ҷаҳон бо ҳамаву бе ту чунон танҳоям, Ки Худо донаду ман худ, ки чи сон танҳоям.
Ҳамчу як қатраи ашкам сари мижгони ғариб, Ҳамчу дар хони гадо пораи нон танҳоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё