Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қисмато, моро нагардон бенасиб аз хушку тар,
Ҳалқи моро хушк манмо, чашми моро тар магир.
Ҷониби марг, Одамо, ин дам шиоре соз кун:
Зиндагӣ ҷони маро бигрифт, ту дигар магир.
Дар раҳи парвоз агар ҷўёи лоиқ ҳампарӣ,
Мурғи рўҳи ман, ба ҷуз оҳи маро ҳампар магир.
Зодаи туст, Оташо, хокистари сарду сиёҳ,
Сар макаш аз аслу сар аз пои хокистар магир.
Ақли оламгир дунёро ба вайронӣ кашид,
Эй Фалотун, ақлро дар кори худ довар магир.
Осмоно, ахтаронро ҳар куҷо рўшан бидор,
Аз само ахтар марез, аз хокдон ахтар магир.
Эй чароғи осмон, бар роҳдурон бозтоб,
Эй чароғи остон, дар роҳи кўрон дар магир.
Корвонкуш ахтаронро, эй Хирад, пайрав мабош,
Раҳзанонро дар раҳи тақдири худ раҳбар магир.
Саргаронӣ дорад аз пас, эй Дил, ин ҷоми сабук,
Сар гарон дор ин дам аз андешаву соғар магир.
Кош…
Бо ҳамон азму талоши ҳамкушӣ
Кош мекардем боре ғамкушӣ.
Бо ҳамон ҷаҳде, ки ахтар сўхтем,
Ахтаре эй кош меафрўхтем.
Кош ҷои норизо арвоҳамон
Худ ҳамерафтем сўи осмон.
Кош бар ҷои сари дор, эй азиз,
Ҷои мо мешуд сари кор, эй азиз.
Кош кам буд ин ғами афзуни мо -
Пок мешуд хони мо аз хуни мо.
Мерасид аз ҳар тараф овози пир,
Ҷо ба ҷо то мегирифт овози тир.
Кош ҷои рўди хун дар ин диёр
Ҳар тараф мерафт рўди нангу ор.
Кош ҷои шохаҳои кини мо
Сабз мешуд шохаи тамкини мо.
Кош бар ҷои шикастанҳоямон
Беш мешуд майли бастанҳоямон.
Кош ҷои ин ҳама нангинкамон
Мешуд андар дасти мо рангинкамон.
Кош мо бе тир боло мешудем,
Дар бари рангинкамон ҷо мешудем.
............................................................
............................................................
Кош бошем эмин аз ҷаҳлу балош
Баъд аз ин…
То ҳаст дунё…
Кош…
Кош…
Ба ҳам ҷангӣ макуш моро...
Зи ҳад бигзашт чанду чуни ҳамхун,
Нашуд кам даъвии афзуни ҳамхун,
Само баргашт аз гардуни ҳамхун,
Замин гулранг шуд аз хуни ҳамхун.
Бувад афзун малоли мо, Худоё.
Ба некӣ нест фоли мо, Худоё.
Ба ҳам имрўз мо раҳме надорем,
Бикун раҳме ба ҳоли мо, Худоё.
Замин оҳу фиғон дорад, Худоё.
Фалак ашки равон дорад, Худоё.
Барояд лолаи пурдоғ аз ин хок,
Ки доғи рафтагон дорад, Худоё.
Ба чашми нам макуш моро, Худоё.
Ба оҳу ғам макуш моро, Худоё.
Бикуш моро ба ҳар ранге, ки хоҳӣ,
Ба дасти ҳам макуш моро, Худоё.
Ғаму дарди Ватан афзун, Худоё.
Шаҳиди бекафан афзун, Худоё.
Бубин бо дидаи гирёни гардун
Ба ҳоли мову ман афзун, Худоё.
Ба дилсангӣ макуш моро, Худоё.
Ба дилтангӣ макуш моро, Худоё.
Ба мо бикшой роҳи оштиро,
Ба ҳам ҷангӣ макуш моро, Худоё!
Гуреза
Ҳамчу боди дашт сарсон, эй гуреза.
Ҳамчу абри кўҳ гирён, эй гуреза.
Сархаме дар пеши ҳар як нокасу кас,
Чашм тарсон, дил ҳаросон, эй гуреза.
Рафта бо оҳи дилат аз роҳи қисмат
Гарди поят то ба кайҳон, эй гуреза.
Шомҳо тобида бар чашми пуробат
Моҳи тобон пораи нон, эй гуреза.
Андар ин дунёст ҳар роҳи сиёҳе
Пеши поят мори печон, эй гуреза.
Хоҳам аз қисмат – дилат обод бошад,
Эй зи қисмат хонавайрон, эй гуреза.
Хоҳам аз ин қисмати мушкил гурезӣ
Ҳамчу дар афсона осон, эй гуреза.
Бинамат, эй кош, сўи кишвари худ
Аз ғарибиҳо гурезон, эй гуреза…


Диёро, кун диёр20 авранги худро,
Зи нав бахшо фаре фарҳанги худро.

пешина
аз 235
навбатӣ