Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тоҷикистон,
Тоҷикистон,
Сўи дунё роҳи ту бодо кушода,
Некхоҳат дар ҷаҳон бодо зиёда,
Эй накўхоҳи ҷаҳон, дилсўзи мардум,
Синаат бодо пур аз уммед,
Хонаат бодо пур аз гандум!
1993
1993


Эй роҳ, эй пўяндагӣ, моро расон бар манзиле!
Эй мавҷи рўди зиндагӣ, моро бубар то соҳиле!
Ҳарчанд дар ҳукми гулем, мо худ ҳамон обу гилем,
Бахшо, ҷаҳони обу гил, моро ҷамоли хушгиле!
Бингар ба асли мову ман, манмой моро решакан,
Сабзидаем аз обу гил бо орзўи ҳосиле!
Побанди фикру ҳис шудем, аз ҷону дил ноқис шудем,
Комилиёр эй зиндагӣ, месоз аз мо комиле!
Эй ҷустуҷў, эй боли мо, эй маншаи иқболи мо,
Ҳамгил фаровон додаӣ, бахшой ҳамҷонудиле!


Баски мардум хўша чинад боз дар даврони мо,
Хўшаҳои ашк чинад мардуми чашмони мо…


Тан фано шуд зери бори ҷони ман, бар тан дареғ!
Монд ҷон саргаштаи ҳар кўю ҳар барзан, дареғ!
Гул ба роҳи бод пар-пар гаштаву барбод рафт,
Боғ мегўяд ҳазин бар накҳати гулшан дареғ!
Ҳамгило, обу гилам нашнохтӣ, эй вои ту,
Ҳамдило, қадри дилат нашнохтам, бар ман дареғ!


Чун азизе равад аз дори ҷаҳон, гиря кунем!
Ў чу хомўш шавад, мо бафиғон гиря кунем!
То бувад зинда, бихандем ба аҳволи бадаш,
Чи шавад, то бувад ў зинда, чунон гиря кунем?!


Бигардон рух аз одамони хато,
Бинеҳ рўй бар одамони Худо!


Эй ки дар умр фару Занди манӣ,
Пок фарзанди манӣ,
Ин бувад аз дилу ҷон ҳарфи манат:
Ман туро ҷону дилам,
Тоҷикистон – Ватанат!
1994
1994
1994
1994
1994
1995
Ҳамаи даҳр қадамгоҳи ту бод,
Лек медон, ки бувад гўшаи имон Ватанат!
Гар зи қисмат бишавад гўшаи вайрон Ватанат,
Аз ту бояд бишавад боз гулистон Ватанат!
Ҷони ман, лек ягон боғу чаман
Худ ба худ нест Ватан,
Балки бошад ватанободкун Инсон Ватанат!
Боз, эй ҷони падар,
Ҳеҷ аз ёд мабар:
Бо ҳама дору надораш дорад
Қимати ҷон Ватанат!
Доимо боз ба ёдат бодо,
Бартарин ҳарфи саводат бодо:
Ту, ки ўро писарӣ,
Ба барат ўву ту ўро ба барӣ,
Ту чи соне ки шавӣ,
Шавад он сон Ватанат! –
Ту бишав ҷисми шарифаш,
Ки шавад ҷон Ватанат!


Шукри дидорат, бародар, аз дигар дидам туро!
Чун садоҳои дили худ боз бишнидам туро!
Будаӣ аз ҳад фузун наздик бар ҷону дилам,
Будӣ аз ман дуру ман аз дур санҷидам туро!
Зор нолидам туро, чашми чапам ҳар гаҳ парид,
Мурғи ёдат бол зад дар сина, болидам туро!
Ноумедиро басо барбод додам бо умед,
Борҳо аз муждабахшо бод пурсидам туро!
Бо хаёлат аз хазон кардам басо қатъи назар,
Чун гули уммед аз ҳар боғ бўидам туро!
Баъди дидан ин қадар нодиданиҳои ҳаёт,
Шукри дидорат, бародар, аз дигар дидам туро!


Гули бишкуфта кай ҳоли гули пажмурда медонад?
Дили афсурда авзои дили афсурда медонад!
Маро ҳамгурдаи ҳамсанг бояд, то алам гўям,
Ки сангингурдаро дорои санги гурда медонад!
Ба варта аз хасу аз хор ҳам имдод меҷўӣ,
Чи ҳикмат дорад ин, эй дўст, ҷонбиспурда медонад!
Наям ҳайрон, ки бе гуфтор фаҳмидӣ ту дардамро,
1995
1995
Бародармурдаро беҳтар бародармурда медонад…
1996


Эй Худо, аз ин бало моро нигаҳ дор!
Эй қазо, аз ин ҷазо моро нигаҳ дор!
Ҷаҳли мо бисёру мо худ камшуморем,
Аз нигоҳи камбаҳо моро нигаҳ дор!
Эй нигоҳи марҳамат аз мо гирифта,
Бори дигар кун ниго, моро нигаҳ дор!

пешина
аз 235
навбатӣ