Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пойбаргилҳо бубин, беобрўҳоро нигар,

Ҷуз ҳамин дар ин замин нақше зи обугил намонд!
Зери гил барги гулаш, гулгункафан сад булбулаш,
Дар дарахти боғҳо ҷуз зоғҳо ҳосил намонд!
Дўстон аз бўстон рафтанд чун гул хонахез,
Ғайри боду ғайри барбод андар ин манзил намонд!


Афғондиёр, Афғондиёр, ҳамшўру ҳамашъори ман!
Ҳамқисмату ҳамдарду ҳамиқболу ҳамидбори ман!
Лабрез шуд Ҷайҳуни ман, лабрез шуд Ҷайҳуни ту
Аз гиряи бисёри ту, аз гиряи бисёри ман!
Аз нолаву афғони мо, аз печутоби ҷони мо
Шуд дарди дил Фархори ту, шуд дарди дил Фархори ман!
Аз ҷаври тиру ҷаври теғ нолид гардун бедареғ
Бо нолаҳои зори ту, бо нолаҳои зори ман!
Аз дарди бемарҳам фиғон, аз ҷанги байни ҳам фиғон,
Фарёд аз оғози ту, бедод аз такрори ман!
Ҷуз хасмамон довар набуд, ёре ба мо ёвар набуд,
Эй вой аз он ағёри ту, эй вой аз ин ғаддори ман!
Кай берун аз хорӣ шавем, ҳар сў пайи коре шавем,
Коре надорад чун зи пай пайкори ту, пайкори ман!
Савдои душман суд дод, ганҷинаи ў шуд зиёд
Аз гармии бозори ту, аз гармии бозори ман!
Рўзе шавад, эй ҳамзабон, гирем бе разме ҷаҳон
Бо шеваи гуфтори ту, бо шеваи гуфтори ман?!.
1993
1993
1993
1993


Он мабодо, сўзи зебоям равад!
Ман-манӣ ояд, таманноям равад!
Фахри дирўзам мабодо сар кашад,
Аз ниҳебаш фикри фардоям равад!
Ишқи поёнам ба поёнтар кашад,
Зикри боло, фикри волоям равад!
Ташналаб монам ба дашти зиндагӣ,
Аз бисотам ҷўю дарёям равад!
Чун Зарафшонам бихушкам раҳбараҳ,
Як бухорам то Бухороям равад!


Шоҳи даҳро, шаҳри мову шаҳравои мо бубин!
Эй давобахшо, ту дарди бедавои мо бубин!
Ҳазрати Яъқуб, к-аз ҳиҷрони Юсуф бехудӣ,
Дарди мову сўзи мову оҳу вои мо бубин!
Эй ки моро раҳбараҳ аз дигарон бишнидаӣ,
Рустамем, овозаи мо мону мои мо бубин!
Он балоҳое, ки андешидаӣ, як сў бимон,
Эй балоандеш, инак, бар балои мо бубин!
Пираҳан не, синаҳоро бин дарида субҳу шом,
Шоми тори мо бубин, субҳи сафои мо бубин!
Эй Худо, аз дафтари гетӣ ту моро хат бизан,
Инак, устоди азал, дарси хатои мо бубин!


Иди Қурбон шуд,
Ҳама хун карданд.
Моро чизе набуд,
Диламонро хун кардем.


Эй дареғо, сўзи ҷонам меравад!
Тири ақлам аз камонам меравад!
Бўи гармиҳои наврўзи дилам
Аз дами сарди хазонам меравад!
Пурхатар роҳ асту дар роҳ аст чоҳ,
1993
1993
1993
Рустамам аз достонам меравад!
Он яқини нозанинам вожгун
Дар чаҳи сарди гумонам меравад!
Мекунад соҳибватан тарки Ватан,
Ҷисми ман, бингар, ки ҷонам меравад!
Файзи ҳақ аз остонам рафтааст,
Нури ҳақ аз осмонам меравад!
«Тоҷи кист он?» - мекунад хасмам савол,
Ашки талхи дўстонам меравад!


Бори дигар то Ватан гул мекунад,
Доғаш андар ҷони ман гул мекунад,
Мешавад обод то бори дигар,
Мешавад ҷону дилам вайронатар…


Тоҷикистон,
Тоҷикистон,
Дасткўтоҳӣ агарчӣ ин замон,
Пойдори ному нангӣ,
Сангҷони ҷовидон, эй марди сангӣ,
Сангҳоят баҳри фарзандони покат пайкара бод,
Ному нангат асли шодиву фараҳ бод!
Тоҷикистон,
Тоҷикистон,
Сўзи мо аз ҳад зиёду мисли ту дилсўз кас нест,
Дар ҷаҳон фарёди моро мисли ту фарёдрас нест,
Ҳар қадар меҳри ту бошад дар дилу ҷон,
Андак асту ҳеҷ бас нест!
Тоҷикистон,
Тоҷикистон,
Ҳанги мо, ҳангомаи мо як ту ҳастӣ андар ин дунё,
Ҷомаи мо, чомаи мо як ту ҳастӣ андар ин дунё,
Худ шаҳодатномаи мо як ту ҳастӣ андар ин дунё!

пешина
аз 235
навбатӣ