Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Осиён ҳар ҷонибе хоҳанд, тобаш медиҳанд,
Чархи гардун ҳам зи дасти осмон афтодааст!
Нест ҳам осор аз дасти дарози осмон,
Дасткўтаҳ ё ки бар пои замон афтодааст?!
Мардум аз чӣ ростмарганду хамидақоматанд? –
Бори гардунҳо ба дўши одамон афтодааст!
1992
1992
1992
1992
Роҳати ин даҳр дида роҳаке нодидагон!
Соҳиби хирман буванд ин хўшае ночидагон!
Заҳри қотил мечаконанд, оваҳ, андар коми халқ
Рўзу шабҳо шаҳдҳо бар коми худ боридагон!
Чашмидилпўшидагоне боз карда чашми сар,
Аз бурун бархоста ин аздарунафтидагон!
Рўи хуш хоҳанд қотилҳои хушрўӣ, аҷаб,
Бўи хуш хоҳанд дунёро саросар ридагон!
Кин бешумор мондаву тамкин нест,
Оинаҳо шикаставу оин нест,
З-ин ломакон макони гурез ин дам
Ҷуз аспи тунду хонаяки зин нест.
Эй чархи фалак, ҳазор нафрин бар ту!
Он бар ту зи ҳарфи нохушу ин бар ту!
Бар ҷаҳл бигўӣ офарин, бар ту сано!
Таҳсин накунӣ ба ақл, таҳсин бар ту!
Худоё, амон деҳ, Худоё, амон деҳ!
Амон аз камони замони камон деҳ!
Бубин бар зиёдон, ки хори зиёданд,
Амон аз камандешагии камон деҳ!
Дарёи дамонем, ки соҳил нашиносем!
Пайвастаравонем, ки манзил нашиносем!
Мо зиндадилонем, надорем ғами марг,
Мо кушта чунонем, ки қотил нашиносем!
Аз нақси дилу ақл дар ин олами комил
Ноқисшудагонем, ки комил нашиносем!
Мо дар амали ботили худ сахт зарурем,
Он гуна зарурем, ки ботил нашиносем!
1992
1992
1992
1992
1992
Риштаи макру риё пайваста шуд!
Риштаи уммедҳо бигсаста шуд!
Пуштаҳои кўҳ яксар шуд хазон,
Пуштаҳои гўр пургулдаста шуд!
Мағзи сар шуд аз «даҳоён» чун сароб,
Роҳи ҳақ аз «пешвоён» баста шуд!
Зи авҷ ин ҷо чу ҷонбахшо хабар борон намеояд,
Яқин, хушкида ҳафт афлок, тарборон намеояд!
Ба ҳоли мо магар садчашм ҳафт афлок мегиряд,
Ки ҷуз оҳангҳои гиря дар борон намеояд!
Чи тухм афтод ин ҷо – ҷуз табардастон намехезанд?!
Чи нам бархост з-ин ҷо, ҷуз табарборон намеояд?!
Эй ҷаҳони пурфиреб, оваҳ, фиребо менамоӣ!
Дунӣ ин қадру ба чашми ҷумла дунё менамоӣ!
Зиштӣ, аммо бар рухи зиштат ниқобе нек дорӣ!
Лолӣ, аммо мекунӣ ғавғову гўё менамоӣ!
Бесаронро тори сар кардан туро оини нав нест,
Бо ҳамон расми куҳан сарро таҳи по менамоӣ!
Эй вой, агар ин сон шавад!
Виҷдон иваз бо дон шавад!
Бар хокдон ояд бало,
Фарёд бар кайҳон шавад!
Андар сари халқ аз қазо
Санги бало гардон шавад!
Рўбоҳи майдон даврадор,
Ҳар гўша як майдон шавад!
Мулло шавад ҳар як бало,
Ҳар бонг як Қуръон шавад!
Инсонкашӣ гардида куфр,
Инсонкушӣ осон шавад!
Дар гушна чашми одамон
Хур нон шавад, маҳ нон шавад!
Чашмони дил хушкад ҳама,
Чашмони сар гирён шавад!
Арзонхари қиматфурўш
Савдогари имон шавад!
…Дар мўи мардум баъд аз ин
1992
1992
1992
Мошу биринҷ арзон шавад!
Чи донад дарди моро ғайри мо кас?
Биё, ҳамдарди ҳам бошем аз ин пас!
Чу бе ҳам зиндагонӣ дастрас нест,
Набошем, эй азизон, дастнорас!
Обхез омад ба мулк, ободии соҳил намонд!
Шамъ шуд хомўшу нури суҳбати маҳфил намонд!
Боди бодӣ тунд рафту кўчаҳоро пок рўфт,
Соҳибонро ҳар тараф афканду ҷуз соил намонд!
Бин ба мактабҳо, ки беҳад рушд танҳо мушт кард,
Аз ҳама қоматхамида ҷуз камон оқил намонд!
Муштҳои дилкуше бар сина афзун омаданд,
Эй дареғо, андаруни сина мушти дил намонд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё