Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хоҳам, ки ба мисли шафақи субҳ биёбам Ҳар рўз зи нав рўи туро тозаву гулранг, Бо нури рухат субҳгаҳон рўй бишўям, Аз рўи ту чун гул бишукуфам ба сари санг.
Хоҳам чу дили шоду кушоди ту бубинам Паҳнову пурово дили танги дараҳоро, Чун замзамаи шилшилаи мўи маҳинат Ҳар ҷо шунавам замзамаи шаршараҳоро.
Хоҳам, ки аз афсонаи зебои ману ту Бобе ба сафи достаку турна бигўям, Хоҳам, ки ба ёди гули рўи ту ба сад шавқ Аз рўи гули лолаву бобуна бибўям.
Хоҳам, ки ҳама рўз туро бинаму ҳар шаб Чун олами эҳсос биёӣ ту ба хобам, Яъне, ки ягон лаҳза туро ман накунам гум, Ҳар лаҳза туро ҷўяму ҳар лаҳза биёбам!
Аз маҷмўаи
«ШЕЪРИ ЗАХМӢ»
(номаншур)


Чанде на зи Вахшанду Бухорову Самарқанд, Чанде на зи Ғарму на зи Хатлону Хуҷанданд, Дар водии пурфитнаи Мансаб шуда тавлид, Аз шаҳраки Курсӣ ҳама, аз кўчаи Фанданд!
Дар шаҳраки Курсӣ ҳамагӣ реша давонда Бар курсиву яклухт чу курсӣ шуда монда!
Бо курсии худ балки таваллуд шуда яксар, Он гуна, ки бо халтача кенгуру зи модар!
Шуд тахтаи кишвар ҳамагӣ курсии мансаб, Бар курсии мактаб нарасад тахтаи кишвар!
Фарёднарас буда басо ин ҳама, гўӣ, Дар гўши ҳаминҳост ҳама пахтаи кишвар!
Сардор, ки аз миз бувад сангари сангаш, Дар пушти дари шиша дили шиша надорад!
Ҷуз сар ҳамаро дораду курсии баландаш Бар ҷону дили халқу Ватан реша надорад!


Ҳамегуфтам, ки аз масҷид садои пир меояд, Дареғи ман, надонистам, ки бонги тир меояд!
Зи майдонҳо гузаштам, то бигирад дил нафас озод, Надонистам, аз он тангӣ дилам дилгир меояд!
Дигар расми хуши дарбаргирифтан меравад аз ёд, Зи ҳар ҷониб садои тунди доругир меояд!
Нигоҳе сўи ин саҳро, аё эй соҳиби дунё, Ки гургаш зарқи хуну ғарқи хун нахчир меояд!
1992 Бузургу кўчак, оваҳ, меравад аз гушнагӣ аз ҳуш, Валекин марг аз ҳар хона берун сер меояд!
Ҳазорон навҷавон аз дори дунё меравад пурдоғ Дар он мулке, ки пираш зору бетадбир меояд!
Ба ҳар ҷо чун алаф рўида бас «тақсирҳо», ё Раб, Басо тақсирҳо аз ину он «тақсир» меояд!
Кабирии Худоро зумрае аз ёдҳо бурда, Агарчӣ аз даҳаншон қолабӣ такбир меояд!
Каломи ноҳақ ин ҷо ҳалқаҳои сарди занҷир аст, Дареғи ҳақ, варо бар дасту по занҷир меояд!
Дар ин даврон, ки меояд зи ҳар сў бонги ожире, Дареғи миллати зоре, ки ноожир меояд!
Худоро, худ ту медонӣ раҳи тақдирҷунбонӣ, Ки хоби нестӣ аз аллаи тақдир меояд!


Юнусему се сиёҳӣ бар сари мо омада! – Моҳии мо нимашаб бар қаъри дарё омада!
Зиста бо мову бо мо тарки дунё мекунад, Гўиё бо мо ғами дунё ба дунё омада!


Ашки ман хушкида дигар, чашми ман шуд обдузд.
Хоби ман дигар наояд, дарди ман шуд хобдузд.
Аз куҷо ёбам дигар ман бахти рўшан, чун шуда Субҳи ман хуршеддузду шоми ман маҳтобдузд!


Меҳру ёрӣ аз вуҷуди ину он афтодааст!
Давлати бисёр бар дасти камон афтодааст!
Бин ту бар подор дунёву зи подорӣ магў, Буд ў бар пову бар пои замон афтодааст!
Расми даври мо ба дастат гар расад, афзун маҷў, Даври моро расми ёрӣ аз миён афтодааст!
Эй замин, бар осмонат як назар кун, к-ин замон Ахтаре дар ҳар карон бар остон афтодааст!
Гул магў онро, ки мебинӣ ба боғи рўзгор, Доғи дилҳо дар ҳисоби гулфишон афтодааст!

пешина
аз 235
навбатӣ