Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кинаи ноошноён пуралам нест, Аз ҷафои ошно моро нигаҳ дор!
Аз қирони босафо моро дарак деҳ, Аз қарини бевафо моро нигаҳ дор!
Нохудо афзун дар ин киштӣ, Худоё, Аз ҳама ин нохудо моро нигаҳ дор!
Мову манҳои тиҳӣ аз бехудоист, Аз ману мо, эй Худо, моро нигаҳ дор!
1996


Ҳар баҳорон
Дар дили ин даштҳо
Мешукуфад лолаҳои доғдоре.
Ҳар баҳорон
Дар дили ман
Мешукуфад лолаҳои доғи ёре.
Ҳамдили ин даштҳои лолазорам ман, Дар дилу ҷон
Доғҳои лола дорам ман.
Кўҳсорон буд агар,
То кунун аз пуштаҳои ганҷҳое осмонӣ, Кўҳсоронанд ин ҷо
Баъд аз ин аз куштаҳои ранҷҳое осмонӣ…
Пуштаҳо аз куштаҳо дар сина дорам ман, Нусхаи ин кўҳсорам ман.
Эй Ватан, дар дил бигирам Доғҳои лолаҳоятро,
Лолаҳоят то ҳама бедоғ бошад!
Мон, ки умре доғ бошад синаи ман, Синаи ту аз гули бедоғ умре боғ бошад! – Парварам ин орзўро дар дили уммедворам ман, То ки ҷузви рўзгорам ман!
1996 Аз маҷмўаи
«ҚАЛАМҲОЙ»
(нашриёти «Маориф», 1997, интишороти «Чархи гардун», 1998)


Ало эй Бўалӣ, бинмо давое, сахт беморам, Ало Ҳотам, зи ҳиммат ҳикмате бахшо, ки нодорам.
Ҳақирам бас аз ин беҳилагии хешу дилгирам, Намо айёрие нав, эй Самак, бинмой айёрам.
Ало эй Рўдакӣ, бо ман бигў асрори биноӣ, Ки ман бинояму эй войи ман, кўр аст ашъорам.
Ало Масъуд, роҳ аз чоҳ то ҷоҳат бигў бо ман, Ало Мансур, боло кун сарамро аз сари дорам.
Дукони маърифат дарбаста аст имрўз, эй қисмат, Расон ранги гулу бўи диле, муҳтоҷи Атторам.
Паноҳам деҳ даруни чорсатри бекарони хеш, Ки дил танг аст, эй Хайём, дар ин чордеворам.
Биё низ, эй Низомӣ, бенизом аст ин замон умрам, Бидеҳ ҷоме, аё Ҷомӣ, ки ҳушёрист сарборам.
Аё Ҳофиз, муҳофиз бошам аз ҳар сангу дилсангӣ, Аё Саъдӣ, бикун панди ҷаҳонро дархури корам.
Аё Бедил, бидеҳ дилдориам бепардаву мармуз, Намон ҳаргиз, ки ман бедил шавам аз ёру ағёрам.
Ало Фирдавсӣ, аз фирдавси рўҳам номаҳо баргў, Раҳо бинмо, ало эй Шамс, аз чоҳи дили торам.


Захми дили ин замонӣ, эй кишвари ман, Пурдардиву хунчаконӣ, эй кишвари ман.
Дардест, ки санги хораро об кунад, Аз баҳри Худо, ҳамонӣ, эй кишвари ман.
Шодон будӣ, хазон зи обат бибурид.
Абри сияҳе аз офтобат бибурид.
Имрўз ба ҳоли зор дар боғи ҷаҳон Хунинбадан арғувонӣ, эй кишвари ман.
Аз куштаи ҷанг пуштаҳоят шуда пур, Ҷони ту зи дарди куштаҳоят шуда пур, Аз ҳасрати куштаҳои пурармонат Як синаи пурфиғонӣ, эй кишвари ман.
Ин ғам ба ягон марсияте нанвишта:
Деҳқони ту куштаву замин нокишта…
Монандаи мазраҳои нокиштаи хеш Дар ҳасрати обу донӣ, эй кишвари ман.
Тифли ту кунун ба ҷомаи сарбозист, Машқи хати ҷумла номаи сарбозист, Кай боз ҳама беғаму тифлона кунанд Бар пои ту гулфишонӣ, эй кишвари ман…
Лолахун
Фасли сармо буд.
Аз сармо
Бодҳо
Дарди гулў буданд.
Дар канори кўчаву майдон дарахтон Чун азодорони пеши мурдахона Сарфурў буданд.
Обҳо
Бо чашмҳои шишагии биркаи яхбаста Ҷўи аз ғубори барф кўри хешро Дар ҷустуҷў буданд.
Хоки гарм
Обистани фасли баҳорон буд, Бо хаёли тифлакони тозарўяш –лолазорон буд.
Яхчагулҳое фақат
Ҳамчун гули баҳман
Дар ин айёми сармо мешукуфтанд.
Асли гулҳо
Дар хаёлу орзўҳо мешукуфтанд.
Ногаҳон
Бар қуллаҳои барфҳои хеш Фасли сармо
Нурҳои офтоби хандарўро дид.

пешина
аз 235
навбатӣ