Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ман, эй дили бечораи ман,
Дили яктои ман, садпораи ман,
Ман ин ҷову ту саргардони дунё…
Саломат бош, эй овораи ман!
Шабе танҳо ба танҳо ҳамраҳи худ
Хаёлолуд рафтам бо раҳи худ,
Замоне гўш додам бар дили хеш,
Даме дар умр гаштам огаҳи худ.
Вафо шуд ишқ, умрам бовафо буд,
Ҷафо шуд ишқ, умрам пурҷафо буд,
Зи нав ҳар рўз ошиқ мешудам ман,
Хато шуд ишқ, умри ман хато буд!
Маромам дар муҳаббат содиқӣ буд,
Ниёз аз ёр боҳамлоиқӣ буд.
Агар ман рўз дидам ё надидам,
Ҳама аз ишқ буд, аз ошиқӣ буд!
Шабонгаҳ нолае бар гўшам омад,
Ба дарёи дилам сели ғам омад,
Ба худ гуфтам, ки аз бешу ками даҳр
Диламро беш омад ё кам омад?
Ба ёди ту сарам аз фикри бад дур,
Дилам аз бухлу аз кину ҳасад дур,
Бихоҳад ҳар касе дурии моро,
Худоё, ў аз ин олам шавад дур!
Ҳама роҳе, ки дар умрам наваштам,
Шавад сатри китоби саргузаштам,
Мабодо, холӣ авроқи китобам,
Бигардад пур китоби сарнавиштам!
Агарчӣ соҳиби танҳо ду банд аст,
Беҳин он шоири бар ту писанд аст,
Баландиқболиву болобаландӣ,
Ҳама шеъре, ки мехонӣ, баланд аст!
Накўям ё бадам - аз дасти ёре,
Бахуд ё бехудам - аз дасти ёре,
Куҷо дил буд андар синаи ман,
Ба дарди дил задам аз дасти ёре.
Маро аз ман рамондӣ, офаринат,
Чу дарёям дамондӣ, офаринат,
Мани бедарду бе оҳу ғамеро
Ба дарди дил расондӣ, офаринат!
Хиёнат ҳеҷ шуд пеши садоқат,
Ҳамоқат ҳеҷ шуд пеши рафоқат,
Беҳин мазҳаб муҳаббат монд дар даҳр,
Муҳаммад банда шуд пеши муҳаббат.
Ба ёдат сатрҳоро раҳ кунам ман,
Дар ин раҳ рўзро бегаҳ кунам ман,
Кунам кўтоҳ сатрамро, ки шояд
Раҳи сўи туро кўтаҳ кунам ман.
Диле бар ишқ моил доштам ман,
Ба кўи ишқ манзил доштам ман,
Маро бедил напиндоред, ёрон,
Замоне чун шумо дил доштам ман!
Дареғи корҳои носавобам,
Дареғи номаҳои беҷавобам,
Дареғи рўзҳое, ки гузаштанд,
Наафзуданд байте бар китобам!
Фидои хонаву хони ту, модар,
Фидои нимаи ҷони ту, модар,
Маро ин обрў кофӣ, ки ҳаргиз
Нарезад оби чашмони ту, модар!
Хатоҳоям маро беҳ аз сабақ буд,
Хатоҳоям китоби беварақ буд.
Бино кардам худамро ҳар дам аз нав,
Бинокории ман бе туқу тақ буд.
Гаҳе дар дидаю гоҳе надида,
Бизиям, ризқи худро чида-чида,
Сипоси баҳраҳо аз нури хуршед
Бирезам баҳри дунё нури дида.
Бидид озорҳо ҷону тани ман,
Нашуд хам лек боре гардани ман.
Зи дунё меравам дилшоду розӣ,
Намирад гар дилам то мурдани ман.
Манам як арсаи пуршўри аздод,
Ба дунёи худам бандиву озод,
Чу таърихам, ки то анҷом аз оғоз
Худамро мекунам вайрону обод.
Мароми умри ман эҷод бошад,
Нишони умри ман бунёд бошад,
Дар ин дунё кунам ободкорӣ,
Ки он дунёи ман обод бошад.
Қуллаҳо
Ҳамчу миллат агарчи дар дунё
Халқи мо будааст каммиқдор,
Аз бузургон сухан равад гоҳе,
Кист монанди халқи мо бисёр?
Он қадар қуллаҳо, ки мо дорем,
Кўҳсоре чу мардуми мо нест,
Лек бо ин ҳама дар ин дунё
Хоксоре чу мардуми мо нест.
Ҷои лашкаркашу ҷаҳонгирон
Мо басо шоири закӣ дорем,
Сари сарчашмаҳову дарёҳо –
Рўди шодоб – Рўдакӣ дорем!
Бо ғуруре, ки дошт Фирдавсӣ,
То кунун беҳтарин ватандор аст,
Рустамаш то ба ҳол бар сари зин
Баҳри номусу ор подор аст.
Менамояд табобати олам
Ҷовидон Бўалии хушномаш.
Гашта ҳамсоғари бани одам
Ҳофизу Мавлавию Хайёмаш.

пешина
аз 235
навбатӣ