Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Лафзи ширини шеъри тар охир Кард мафтуни худ Низомиро, Ҳеҷ кас дар ҷаҳон намефаҳмад Мисли мо он бузурги номиро.
Он дигар, гарчи буд бадри сухан, Бо сафо хешро Ҳилолӣ гуфт, Баски дар осмони шеъри дарӣ Бадру хуршед бешумар бишкуфт.
Он якеро ба ифтихор имрўз Халқе ҳамҷону ҳамбадан хонад В-он дигарро ба ҳилаҳо ҷамъе Асли ҳамқавми хештан донад.
Ҳарчи гўянд душманон, гўянд, Ҳарчи гўянд дўстон, нек аст.
Бўалӣ бо забони худ гўяд:
Порсоест ўву тоҷик аст…
Ҳамчу миллат агарчи дар дунё Тоҷикон будаанд каммиқдор, Аз бузургон сухан равад гоҳе, Нест монанди халқи мо бисёр.
Нўшбоди соли нав
Дўстон, сарсабз бошед дар ҷаҳон монанди арча!
Ҷонатонро хоҳам аз ҷон ҷовидон пайванди арча!
Доимо бошад шуморо аз чунин шодӣ макон пур!
Беш аз ин – бошад ҳамеша гирдатон аз кўдакон пур!
Ҳамчу арча сабзу рангин умратон тобад ҳамеша!
Бар замини бахт ронад умратон ҳамвора реша!
Бахтатон то соли дигар сабз бошад ҷои арча!
Ахтари бахти шумо бод ахтари болои арча!
Бўи сухан
То ки ҳастам, сархуш аз бўи сухан, Менишинам рўй бар рўи сухан.
Ҷовидон аз чор сўи ин ҷаҳон Мениҳад дил рўй бар сўи сухан.
Сўи дилҳо раҳ биҷўям бо ҳавас Дар ҷаҳони хубу дилҷўи сухан.
Ҷовидон хонанд дар ҷону дилам Андалебони сухангўи сухан.
Ҳамчу деҳқонам, ки умре мебарам То ба дилҳо аз дилам ҷўи сухан.
Киштаҳое сабзу обӣ мешавад Дар дилам аз Вахшу Омўи сухан.
Сарпаноҳам нест ҷуз ў дар ҷаҳон, Сар ниҳам охир ба паҳлўи сухан.
Аз маҷмўаи
«Паровар»
(нашриёти «Адиб», 1990) Забон
Агар мо бе забон монем,
Даҳони мо чи кор ояд?
Даҳони бе забони мо чи кор ояд?
Бубин зангўлаҳои безабонро – Садо кай медиҳанд, эй дўст, Агарчанде ки медоранд во доим даҳонро.
Агар кас бе забон монад,
Даҳони боз мемонад,
Ҷаҳони роз мемонад.
Бубин,
Зангўла ҳам,
Чун безабон шуд,
Бесадо гардид,
Бубин –
Зангўла ҳам,
Чун безабон шуд,
Зери по гардид.
Шавад зангўлае чун безабон, Гардад яқин бозичаи тифлон, Наояд ҷуз ба санги дасташон дигар садо аз он Ва ё ояд аз он иҷбориовое ба зарби чўб, Садоҳое бурун аз ҷон кунад танҳо ба калтаккўб.
Шавад зангўлаҳои безабон бозичаи тифлон, Шавад соҳибзабони безабон бозичаи даврон.
Гаҳе зангўлаҳои безабоне ҳам Зи нав соҳибзабон гарданд, Забонҳо дар даҳон гарданд, Чи сон аммо забоне? –
Сарду бегона,
Садо ояд аз он бедарду бегона.
Забон бегона аст азбас, нагунҷад дар даҳанҳошон, Халал орад ба овошон.
Яқин, ҳар кишваре монанди инсон аст, Яқин, ҳар кишвареро,
Ҳамчу инсон,
Дардҳое дар дилу ҷон аст, Яқин, ҳар кишвареро,
Ҳамчу як инсон,
Забони хеш мебояд,
Ки дарди хешро гўяд,
Давои хешро ҷўяд…
Забоне, к-ин замон ҳабси даҳон бошад, Яқин, соҳибзабонаш безабон бошад!
Забон ҳам
Мисли як инсони соҳибдил бувад – Кай хештанро лол мехоҳад?
Забон ҳам
Чун ҳама гўёдили нолол
Истиқлол мехоҳад!
Коғазӣ
Солҳо кардем кори коғазӣ
Рўзу шаб бо ифтихори коғазӣ, Сохтем аз нангу ори коғазӣ Анқарибе мо диёри коғазӣ.
Пири коғазбозҳо ҳиммат намуд, Коғазашро ин қадар қимат намуд, Кишвареро бандаву уммат намуд Эзиду пайғомдори коғазӣ.
Шўр шуд ин сарзамин аз шўраҳо, Танг шуд ҳолаш зи дасти ҷўраҳо, Мениҳебад аз ду китфи тўраҳо Бар шуури халқ мори коғазӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё