Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар аз қуллаат санге фарояд,
Туро оҳ аз дилу аз ҷигар ояд,
Агар беҷо шавад як сангат, эй кўҳ,
Туро сад санг, гўӣ, бар сар ояд.
Дилат ҳамсоғари дарёст, эй гул,
Сарат дарди сари дилҳост, эй гул,
Ҷаҳони ту чу ганҷина-ст пинҳон,
Канори ту дари дунёст, эй гул.
Баҳор афсонаҳо оғоз дорад,
Парасту чун парӣ парвоз дорад.
Парастуи дилам дар синаи танг
Ҳавои ҳампару ҳамроз дорад.
Ҳамебояд шудан ҳамсанги мардон,
Бибояд доштан уммеду армон,
Дар ин дунё агарчӣ дилкушодед,
Дили худро набикшоед осон.
Ниҳоли бебаре фарёд дорад,
Сари бесарваре фарёд дорад,
Каси беахгаре сар дар сукут аст,
Каси беахтаре фарёд дорад.
Мабодо ишқ бе шодӣ бимирад,
Миёни роҳ бе ҳодӣ бимирад,
Барояш, мон, ки фарҳодон бимиранд,
Мабодо ишқи фарҳодӣ бимирад!
Замине гулфишон аз ҳиммати мост,
Баҳоре бехазон аз заҳмати мост,
Чи пурсӣ, ғофило, аз қимати мо,
Ҷаҳони ҷовидон худ қимати мост!
Ҷаҳон бас кўшиши озори мо кард,
Басо ағёри моро ёри мо кард,
Бимонад бегунаҳ то баҳри фардо,
Ҳама айби худашро бори мо кард.
Дилатро бо дилам пайванд бинмой,
Сарамро бо хаёлат банд бинмой,
Зи дастам низ бурда зиндагиро,
Маро дар зиндагонӣ фанд бинмой.
Забони гуфтугўе дораму бас.
Нигоҳи ҷустуҷўе дораму бас.
Сари ду роҳаму чун тўшаи раҳ
Дили пурорзўе дораму бас.
Ҷаҳони ман ба дунё чанд рўзест,
Насиб аз ошиқиҳо чанд сўзест,
Мисоли соҳилам, к-аз рўди шодоб
Насибам чанд бўси дилфурўзест.
Биё, эй моҳ, сўи манзили ман,
Бикун чун моҳ рўшан маҳфили ман,
Марав аз дидаам чун хоби ширин,
Бимон дар синаам сар чун дили ман.
Дили аз дарду ғам холӣ чи давлат,
Пурармониву пурфолӣ чи давлат,
Фирорӣ будан аз ин тирарўён,
Канори ёр хушҳолӣ чи давлат!
Дами ваъда лаби дарё нишастам,
Ду чашмамро ба роҳи ёр бастам,
Бидидам хушк чун лабҳои соҳил,
Сари санге дили худро шикастам.
Маро чашми ту туғён ёд дода,
Басо тўфону исён ёд дода,
Ба сад сеҳре лаби хомўшат, эй ёр,
Ба дил фарёди инсон ёд дода.
Зи ишқи ту худомўзӣ кунам ман,
Зи сўзи ту худафрўзӣ кунам ман,
Хушӣ гар рўзиам набвад зи ишқат,
Ғами ишқи туро рўзӣ кунам ман.
Зи чашми ахтарон розе биҷўям,
Зи хашми дилбарон нозе биҷўям,
Ба ҳар оғоз анҷоме бубинам,
Зи ҳар анҷом оғозе биҷўям.
Табиби хуб ҳам бемор гардад,
Ғуломи ишқ ҳам беёр гардад,
Касе безор шуд аз лоларўе,
Ба рўи гул илоҳо зор гардад!
Сарам аз разми номардон гурезад,
Танам аз азми бедардон гурезад,
Дилам бо оҳи оташбор умре
Зи базми гарми дилсардон гурезад.
Туро гар раҳнамои оқиле ҳаст,
Раҳат сўи муроду манзиле ҳаст.
Заминро - меҳваре, к-аз ўст маҳкам,
Туро дар сина, эй Инсон, диле ҳаст?
Бигуфтему шунидему гузаштем,
Бирафтему бидидему навиштем,
Чу умри ман бишуд кўтоҳ хома,
Ману ў роҳи худ ҳамраҳ наваштем.
Гаҳе аз пушти дилдорӣ давидем,
Гаҳе дар ишқи дилдоре тапидем.
Чу моро дод дунё мўи испед,
Ба қадри шири модарҳо расидем.
Дили ман махзани ғамҳои умр аст,
Фигор аз бешу аз камҳои умр аст,
Шабу рўзон мижа бар ҳам заданҳо
Варақгардонии дамҳои умр аст.
Дилам кайҳону ишқат ахтаре буд,
Дилам раҳҷўву ишқат раҳбаре буд,
Ба ёдат он қадар сўзам, ки донӣ:
Ҳар оташро нишон хокистаре буд.
Дилам умре туро овоз дорад,
Канорашро ба рўят боз дорад,
Ба сўи навниҳоли қомати ту
Парастуи дилам парвоз дорад.

пешина
аз 235
навбатӣ