Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дафтар
Дар рўи дафтари ман тасвири кафтаре буд,
Рамзи муҳаббати мо тобанда ахтаре буд.
Гўё ба сафҳа мерехт амвоҷи бешумора,
Соҳил хамўшу пуршўр дарёи беканора.
Шодоби бўсаҳо буд домони сабзи соҳил,
Бо ў ману ту хушбахт, бо ў ману ту ҳамдил.
Дунёи дафтарам хоб, бедор ман, ту бедор,
Ишқи ману ту шодоб, ишқи ману ту пурбор…
Бигзашт он баҳорон, чун мева ишқи мо рехт,
Лабташна монд соҳил, дарё ба дашт бигрехт.
Рафтӣ чу рўду мондам ташна чу соҳиле ман,
Оғўши дигаре пур, мондам тиҳидиле ман.
Оташ хамўш гардид, бикшод бол кафтар,
Ахтар ҳама фурў рехт, садпора гашт дафтар…
Дар рўи дафтари ман бас олами накў буд,
Ҳайфо, набуд аз мо, дунёи орзў буд.
Ҳамроз
Дуруд, эй рўди шўхи кўҳсорон,
Расидам пешат аз паҳнои гулшан,
Дилам то бо фалакпаймо уқобон
Шавад ҳамбол, сўят омадам ман.
Дар ин ҷо, дар канори модари худ
Ту дорӣ саркашию беқарорӣ,
Фуруд оӣ валекин чун ба водӣ,
Аҷаб тамкинпарасту бурдборӣ.
Бузургӣ андар он ҷо чун падарҳо,
Ки шаҳру деҳаҳо обод созӣ,
Равон бахшӣ ба ҷисми навниҳолон,
Раҳораҳ боғҳо бунёд созӣ.
Ҳамедонам, ки аз оғўши модар
Чаро бар дашти бирён мегурезӣ,
Намоӣ манзилеро то ки обод,
Ба ҳалқи ташнагонат то бирезӣ.

Вале, эй рўд, медонӣ, чаро ман
Ба сўи қуллаам пайваста роҳӣ,
Бувад ин азми қалби одамизод,
Раҳоӣ хоҳад аз ҳар бастароҳӣ.
Биҷўяд доимо бар қуллаҳо раҳ,
Ки азму ҳиммати худро биёбад,
Сукути кўҳсоронро бубинад,
Ки қадру қимати худро биёбад.
Басе шоду басе беғам бихандад,
Намуда гўш сози обшоре,
Дили бетоби худро об созад,
Гириста дар канори чашмасоре…
Чи душвор аст роҳат рўд, эй рўд,
Вале роҳи ман осонтар аз он нест,
Раҳи мо дигару роҳи дили мо
Як аст, он роҳи неки роҳҷўист.
Раҳат бодо сафед, эй рўди кўҳӣ,
Шавам ман ҳам равон акнун ба роҳам,
Ки ҳар ҷое – миёни водию кўҳ
Туро ҳам интизоранду маро ҳам…
Даме дарё бишав, эй дил
Даме туғёну тўфон кун,
Ба мисли рўд ҷавлон кун,
Ба роҳи баҳри ишқи ў
Маро саршору сарсон кун,
Даме дарё бишав, эй дил!
Бурун аз синаи танг о,
Ҷаҳони дигаре бикшо,
Маҳи рўе тамошо кун
Ҳама шаб дар дили дарё,
Даме дарё бишав, эй дил!
Хурўшон шав, ситезон шав,
Зи нури меҳр рахшон шав,
Бубар чашмони шаҳлояш,
Чу ашке зеби мижгон шав,
Даме дарё бишав, эй дил!
Бизан давру ба даврон рас,
Ба имдоди биёбон рас,
Ба қадри ишқи чун ҷон рас,
Зи ҷон бигзар, ба ҷонон рас,
Даме дарё бишав, эй дил!
Бувад аз обрў беҳ об,
Ба чашми ташнаи беоб,
Ба дашти ишқи ман биштоб,
Бихушку кун варо шодоб,
Даме дарё бишав, эй дил!
Деҳқон
Меравад аз ҷўя чун аз роҳи уммед,
Кофта рўсурхӣ аз «тиллои испед»,
Ҳар ниҳоле сабзу боровар бигардад
З-офтоби меҳри ўву нури хуршед.
Пахта рамзе аз замири беғаши ўст,
Хандаи ҳар ғунча лабханди хуши ўст,
Пахтазорон – бўстони орзўяш,
Ҳар гули пахта баҳори дилкаши ўст.
Ғунчаи пажмурда баҳраш - бонги ожир,
Гарди рўи пахтазораш - гарди хотир,
Сатрҳои сабз дорад, ҳаст шоир,
Қитъаҳои пахтааш – шеъри муассир.
Ганҷи дунёӣ чаро ҷўяд зи дунё,
Ҳаст «тиллои сафед»-аш беҳ зи тилло.
Дар миёни мавҷи сабзи баҳри пахта
Обрўяш шуд фузун аз баҳру дарё.
Ҳар замон васфаш зи минбарҳо бигўянд,
Аз вуҷудаш ғайрату ҳиммат биҷўянд.
Навниҳолон, то бирўянд аз дили хок,
Ҷумла аввал дар дили покаш бирўянд.

пешина
аз 235
навбатӣ