Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз талошу азми ту дунё ҷавон шуд,
Роҳи асри бист Роҳи Каҳкашон шуд,
Бо хати БАМ орзўи ту равон шуд,
Норак аз чашмони ту партавфишон шуд,
Эй ҷавонӣ,
Эй ҷавонӣ!
Аз сари сабзат шукуфта боғу саҳро,
Аз дили гармат дамида баҳру дарё,
Пахтазорон – рамзи покии замират,
Ғаллазоронат – нишони чашми серат,
Эй ҷавонӣ,
Эй ҷавонӣ!
Олами андешаҳоят – поку рангин,
Нармқалбӣ беҳад, аммо азмсангин,
Роҳи ту пурнур чун чашмони Ленин,
Рўҳи ту пурзўр чун боли Гагарин,
Эй ҷавонӣ,
Эй ҷавонӣ!
Наврўзӣ
Эй ғунчаи нашкуфта, бишкуф ту ба пиндорам,
Эй барги хазондида, шав сабз ба ашъорам,
Эй шохаи бишкаста, машкан ту дили зорам,
Эй шохаи аз бар хам, хуш бод баҳоронат!
Бас дар раҳи душворат сад чашм ба роҳи туст,
Ҷорӣ зи сари қулла бар дашт нигоҳи туст,
Дарёдиливу дарё имрўз гувоҳи туст,
Эй чашмаи куҳсорам, хуш бод баҳоронат!
Боз аз гулу аз сабза зебо бишавӣ, эй кош,
Бо паҳнаи сабзи хеш саҳро бишавӣ, эй кош,
Эй киштгаҳи мурда, эҳё бишавӣ, эй кош,
Эй мазраи навкорам, хуш бод баҳоронат!
Дар киштгаҳе донат гар неш назад имрўз,
Бо сабзаи уммедат ҳастӣ ба хазон пирўз,
Сарсабзии дунёӣ, ҳам сабз сари Наврўз,
Эй барзгари хуррам, хуш бод баҳоронат!


Ҳамраҳи ман гар ба сайри кўҳсорон омадӣ,
Дар лабонат хандаи тифлонаи беғаш биёр,
Дар дил аммо хандаи бераҳми душманкуш биёр.
Сўи ҳамзоди бузургам – кўҳ сарро хам бикун,
Лаҳзае бо ҷўраи тифлии ман – бо Офтоб
Дар шумори лаҳзаҳои шодии худ ханда кун,
Бо хаёли рўзҳои дилфишори зиндагӣ
Лаҳзае бо чашмасорон гиря кун.
Дар фарозу шебҳои кўҳсор
Бо раҳи душвор рав,
Раҳбараҳ афтодаю бархоста, чун тифлии ман
Дасту по хуншор шав.
Баски меҳмони манӣ, пайроҳаи кўҳ
Мениҳад сарро ба пеши пои ту,
Тангнои дилкушоди кўҳсорон
Мешавад маъвои бопаҳнои ту.
Раҳ ба раҳ то манзили мо
Нўш оби чашмасорон,
Хон суруди обшорон,
То диёри тифлии ман бо навои дил биё.
Он мабодо, бар дили ин кўҳсор,
Бар дили ин марғзор,
Бар дили ҷўи равон тире занӣ,
Кўдакиамро кушӣ…
Ҳайкали Айнӣ
Мулки паҳное ба гирдаш,
Дар миён ў ҳамчу меҳвар,
Ё ба майдони ҳақиқат
Пойдор аст ў чу довар.
Дар дили ў рўзу шабҳо
Оташи суғдон бисўзад,
Пурфурўғ он оташи пок
Ҷону дилҳоро фурўзад.
Сарбадоре андар он дил
Бишканад сад пояи дор,
Бо ғурури ў ҷаҳоне
Мешавад аз хоб бедор.
Дар дилаш оташдилоне
Аз алам сўзанду сўзанд,
Дар ҷаҳони тираву тор
Шамъи донишро фурўзанд.
Дар дилаш барпову барҷо
Ҳайкали афкори Синост,
Ҷониби фардо шитобон
Рўдакӣ бо чашми биност.
Пайкари илм асту фарҳанг,
Пайкари нуру китоб аст,
Ҷумла пурсишро ҷавоб аст,
Баҳри бедорӣ хитоб аст.
Роҳи ў дуру сафед аст
Чун раҳи уммеди тоҷик,
Ҳар саҳар сар мекашад боз
Ҳамраҳи хуршеди тоҷик.
Суруд
Бе ту накардам дар ҷаҳон боре сарафрозӣ,
Бе ту наболидам даме аз созу овозе,
Бе ту набудам як нафас аз хештан розӣ.
Бе ту дили ман ҳамчу мурғи бепару болест,
Бе ту бароям ҳар даме афзунтар аз солест,
Бе ту дилам чун осмони бекарон холист.
Бе ту ду чашмам лонаи вайронаро монад,
Бе ту нигоҳам кафтари белонаро монад,
Ишқу муҳаббат қиссаву афсонаро монад.
Бе ту ҷаҳони орзў ҳаргиз мабод обод,
Бе ту шарори ғуссаам бодо ба чанги бод,
Бе ту хаёлу орзўям бод бебунёд.
То бо манӣ, то бо туям, дунё ҳама аз мост,
Дунёи мо зебо агар, дунё ҳама зебост,
Дилҳои мо барҷо агар, дунё ҳама барҷост…

пешина
аз 235
навбатӣ