Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Турсунзода
Эй Ватан, гаҳ ҷони ширин гуфтамат,
Гаҳ навину гоҳ дерин гуфтамат,
Кардаам бо номи ту оғозҳо,
Кардаам бо боли ту парвозҳо,
Бас сафарҳо кардаам дар умр ман
«Бо супоришҳои халқи хештан»,
Дўстиро ҷустуҷў кардам басе,
Аз амонӣ гуфтугў кардам басе…
Доимо будам туро ман дўстдор,
Будаам бо ёди ту дар рўзгор.
Дар канори баҳрҳои пурхурўш
Савти дарёи туям омад ба гўш,
Буд фахрам доимо бо номи ту,
Бо азизони накўфарҷоми ту…
Донам: ин дам баҳри ту мушкил бувад,
Сабр аммо пешаи оқил бувад,
Бе ҷадалҳо об дар ҷў н-омада,
Кори бе андеша некў н-омада.
Олиму шоир фаровон бошадат,
Кош аз онҳо умр осон бошадат,
Ҳамчу Айнӣ ҷумла ғамхори ту бод,
Мисли Бобоҷон32 пайи кори ту бод.
Бо тамаддун зиндаиву зинда бош,
Сарбаланду фарруху поянда бош.
Хоҳамат аз ҷон дар ин даври гарон
Сарварии неку некў сарварон,
Бахтат афзун, ҳосилат афзун шавад,
Байни ёрон чеҳраат гулгун шавад,
Дар канорат бод доим дўстон,
Парчамат бодо парафшон дар ҷаҳон!
Нақли падар
Ба хотираи онҳое, ки барои Зафар,
баҳри пирўзии Ватан,
дар ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ
бо хешу нафси хеш набард карданд.
Ватан осуда буд,
Осудаву хуррам ватандорон,
Ватан – дунёи ишқу масти ишқи зиндагӣ ёрон,
Ҷавону пир шодиҷўю шодиофарин буданд,
Валекин…
32 Бобоҷон Ғафуров
Дарду Андўҳу Алам андар камин буданд…
…Ақибгоҳи Ватан ҳам бемуҳобо корзоре буд,
Барои ҷони кишвар рўзу шабҳо гирудоре буд.
Ҳама –
Пиру ҷавон –
Дар фикри имдоди Ватан буданд,
Ба аскарҳои ҷонафшон ҳама ҳамҷону тан буданд.
Нахурда нони серӣ,
Нонашонро ҷамъ оварданд,
Набуду буди хона –
Хонашонро ҷамъ оварданд;
Яке аз моли дилҷў аспи пеши пешро бахшид,
Дигар аз ҷону аз дил ганҷи умри хешро бахшид;
Яке дод аз таҳи дил рўзии ҳаррўзаи худро,
Дигар бахшид урёнпой ҷуфти мўзаи худро,
Ба зери барфу борон монда бо ҷону тани ларзон,
Либоси гарми хеш овард он як баҳри сарбозон;
Яке овард тоқӣ…
То сари сарбоз амон бошад,
Гули тоқӣ паёме аз баҳори бехазон бошад;
Арўси чандрўза бо алам сандуқи худ бикшод,
Ба уммеди Зафар ангуштару тоҷи арўсӣ дод…
Ҳама он ёрии ҷонӣ мадори рўҳи аскар шуд,
Алайҳи душмани дун корзори зўри дигар шуд!
Аё эй кўдакони соли ҷанг – эй бохирад пирон,
Аё эй модарон, эй дилбарон, эй ҷонудилсерон,
Аё имдодмуҳтоҷони карда бар Зафар имдод,
Аз он имдод умре ёд бодо, ёд бодо, ёд!
Фарёди ҷони модар зўри садо надорад,
Ин дарди ҷони ўро Модар-Худо надорад…
Бар мулки ҷонаш, оваҳ, айёми оҳ омад,
Бахти сафеди ў рафт – хатти сиёҳ омад.
Дунё ҳама ба чашмаш шоми сиёҳ гардид,
Ду дидааш ба раҳ буд,
Худ рўи роҳ гардид…
Уммеду орзўяш барбод бо писар рафт,
Сад тир бар дилаш зад, чун аз бараш сипар рафт…
Войи арўси модар,
Танҳои ҷовидон монд,
Чун навгули баҳорӣ дар панҷаи хазон монд.
Сад шодӣ ояд, аммо дар мотам аст модар,
Хушкида чеҳраи ў,
Мондаст дидааш тар.
Номаш ҷаҳон гирифта,
Худ лек ҷо надорад,
Ин дарди ҷовидона ҳаргиз даво надорад…
Ишқ дар дил ҳасрати бисёр монд,
Рафт ёри ҷонфидо,
Дилдор монд.
Васл кўтаҳ буду ҳиҷрон ҷовидон,
Монд ёди гул дар айёми хазон…
Чор соли роҳпоӣ бигзарад,
Интизориҳо мадори дил барад,
Нашкуфад дил дигар аз гулҳои боғ,
Пириаш як рўз ояд бар суроғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё