Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Биҷўшид хуни хуҷандии мо,
Ба по хестем аз барои ғазо,
Ба монанди чашмони бадфолашон
Басо танг кардем аҳволашон…
Чу мўру малахро ҳисобе набуд,
Накард охир он азму он разм суд.
На, балки басо суд аз он азм монд,
Ки баҳри Ватан кўшиши разм монд!
Мағал бо муғул бо ҳам овардамон,
Барои Ватан ҷонфишон кардамон!
Восеъ
Восеъ манам дар тангно, як тан зи мардони Худо,
Чун зад ба ҷонам бандагӣ, бархостам баҳри ғазо.
Онам, ки халқ аз пушти ман гурзи гарон бигрифта буд,
Ҳоким зи ман дар чор сў саргашта буд, ошуфта буд.
Гурзи гарони тоҷикӣ аз шохи туту бед буд,
Дар шохаҳои туту бед сад муғчаи уммед буд…
Тоҷик зи по афтода буд, ёзонд қад, бар пой хост,
Аз пову аз пар монда буд, шуд аз дигар бар пой рост.
Гуфтам ба манғит: баъд аз ин дар мулки мо ғит-ғит макун,
Чун баргҳои хушки тут моро парешу тит макун.
Манғит ба макри манғитӣ моро зи нав аз по фиканд,
Бишкаст аз нав шохамон, моро зи нав аз реша канд,
Бо макр сад соли дигар дар мулки мо ғит-ғит намуд,
Моро ба мо шўронд боз, аз нав парешу тит намуд,
Сад соли дигар умри мо дар дасти ғайри мо гузашт,
Сад соли дигар чарх ҳам боре ба коми мо нагашт.
Тоҷик барои дод хест охир чу дар рўзи ҷазо,
Шуд чархи гардун гўиё баракс гардон аз қазо…
Сад ёд бод аз он ҳама озодадил, озодаҷон,
Сад ёд аз он дасти сабук, сад ёд аз он гурзи гарон!
Ҷамъӣ ту, инак, халқи ман, дигар парешу тит машав,
Худ раҳнамои хеш бош, аз пушти ҳар бехуд марав.
Ҷамъӣ ту, инак, халқи ман, дигар парешонӣ мабин,
Ҷуз хотири ҷамъе дигар аз хатти пешонӣ мабин.
Бегонахоҳият бас аст, бегонаҷўӣ то ба кай?
Якроҳу якрў шуд ҷаҳон, моро дурўӣ то ба кай?
Дар ҳар замоне халқро бесарварӣ мушкил бувад,
Бе сарвари арзанда ў ду пой андар гил бувад.
Чун сарварат арзанда аст, по мон зи пушти ў далер,
Ў дастгири ту шавад, ўро бишав ту дастгир.
Гурзи гарони тоҷикӣ дигар мабодо туту бед,
Дар боғи сабзи бахт бош, бодо мададгорат умед!
Сар медиҳам баҳри шумо, эй халқ, эй зебо Ватан,
Пеши адўтон ҳеҷ гаҳ сар хам нахоҳам кард ман!
Айнӣ
Бар вафоят дил супурдам, халқи ман,
Борҳо баҳри ту мурдам, халқи ман.
Зинда кардам бохирад фарзандҳот,
То биёбӣ дар ҷаҳон арзанда ҷот.
Додам аз нав умр бар аҳли хирад,
Хидмататро то дар ин даврон кунад.
Ганҷи умри бебаҳоро бохтам,
То шаҳодатномаатро сохтам.
Гардҳо афшондам аз таърихи пеш,
Тоҷ мондам бар сари тоҷики хеш…
Халқи ман, умре на осон зистӣ,
Ин замон ҳам эмин аз бад нестӣ.
Дар ҷаҳони неку бад ҳушёр бош,
Ҷамъу ҷўру боҳаму бисёр бош!
Тоҷи зар бодо ҳамеша бар сарат,
Ганҷи ҷону дил шавад афзунтарат!
Бахти ту бешу раҳат бодо кушод,
Айниат аз ҷон дуогўи ту бод!
Бобоҷон Ғафуров
Буд тоҷик дар ҳама айём
Номвар бо силоҳи нангу ном,
Кох аз кори пурсавобаш буд,
Хишти он кох аз китобаш буд.
Дона-дона нишона кардам ҷамъ,
Бо ғами ҷовидона кардам ҷамъ,
Он ҳама фаслу боб шуд охир,
Душманафкан китоб шуд охир,
Дар бинои савоби тоҷикон
Монд аз ман китоби «Тоҷикон».
Бар Ватан он муҳаббати ман бод,
Баҳри тоҷик васияти ман бод:
Аз ҳашоҳаш барои курсию ком,
Аз кашокаш барои мансабу ном,
Аз парешонию мағалсозӣ,
Аз назартангию маҳалбозӣ,
Аз ҳасад, аз ғурури нобарҷо,
Аз шитобу надидани фардо
Ёди таърихи пурхатар бод он,
Тоҷиконро накў сипар бод он!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё