Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Он оташи нанг то кунун шуълавар аст,
Дар ҳар гулу санг то кунун шуълавар аст.
Танҳо на дили араб зи ман танг бишуд,
Ҷояш ба ҳама ҷои Ватан танг бишуд!
Боке набувад, ки ман дар ин раҳ мурдам,
Чун парчами ному нанг боло бурдам!
Исмоили Сомонӣ
Манам шоҳ Сомонӣ, эй анҷуман,
Яке ҷонфишон аз барои Ватан.
Маромам ҳама – ваҳдати халқи хеш,
Яке халқ кардан зи қавми пареш.
Маро аз дарахти хирад гашт тахт,
Ба дилҳо басо реша ронд он дарахт.
Ба адлу ба дод эй басо будаам,
Шукўҳи шаҳаншоҳӣ афзудаам.
Ба тахтам хирад буду воло сухан,
Зи ман муҳтарам гашт халқи Ватан.
Биҷўед аз он давр осори ў –
Бухорову банда чу девори ў…
Дареғо, ки баъди ман аз рўзгор
Ба он тахту он бахт н-омад қарор,
Зи бегонагон лашкар омад фузун,
Шуд охир аз он ҳоли кишвар забун,
Хирад хор шуд, бехирад муҳтарам,
Зи фарри шаҳӣ дар ҷаҳон монд кам,
Зи ҷо рафт сомони Сомониён,
Хирадро, ту гўӣ, зи тан рафт ҷон…
Ва шодам кунун, баъди соли ҳазор
Зи нав гаштӣ, эй халқи ман, шаҳриёр,
Биандеш некў зи даврони пеш –
Парешониат мекунад дилпареш!
Бахуд бош, бегонахоҳӣ макун,
Ки бегонаат мекунад ғарқи хун!
Аё эй Ватан – мулки озоду шод,
Туро сарваре пок девор бод,
Накў бод баҳри туву ҷонфидо,
Сипар бод дар разми дунё туро!
Ба коми ту бодо ҷаҳону замон,
Басомон шавад мулки Сомониён!
Ибни Сино31
Ибни Синоям, азизон, дидабиноям,
Хок шуд ҷисмам, вале бо рўҳ барҷоям.
Аз сари инсоният даҳ аср рафт, аммо
Гуфтаҳоям раҳнамояш монда то ҳоло.
Буд даврам даври обу даври оташ буд,
Буд дилкуш даври ман, ҳаргиз на дилкаш буд,
Буд арзон умри одам, вой аз ин розам,
Лек кўшидам, ки дардашро даво созам.
Пора-пора буд олам дар замони ман,
Дар сари ҳар пора шоҳеву амире буд,
Аз ҳама сарҳад тавонистам гузар кардан,
Интизорам гарчи ҳар ҷо теғу тире буд.
Кай халифа мерасид он дам ба гарди ман,
Баъди маргам қасди худ бигрифт чун душман:
Беамон дар оташи ҷаҳлаш китобам сўхт,
Ҳосили сўзу табу ранҷу азобам сўхт.
Зинда мебудам, шаҳони бехуду саркаш
Андар он гулхан худамро мезаданд оташ.
Шодам аммо – оташи ҷонам фурўзон аст,
Эй басо дил гарм аз ин оташи ҷон аст.
То «Шифо»-и ман шифои ҷони одамҳост,
Пеши бадқонун ҷаҳон «Қонун»-и ман барҷост.
Ҷони ман меболад аз муъҷизаи айём:
Аз «Шифо»-и ман шифо меҷуст худ Хайём!
Чанди дигар дар ҷаҳон гар зинда мемондам,
Ҳарфи шуми маргро аз даҳр мерондам,
Баҳри ин бошад кутуби ман гувоҳи ман,
Нўши инсон бод он дармонгиёҳи ман!
Ҳарчи кардам, мон, фаромўши замон гардад,
Аз аёнгоҳи дили мардум ниҳон гардад,
Лек дар ёди ҳама давру замон бодо,
Доимо дар пеши чашми одамон бодо:
Дар замони дилкуши куштору исёнҳо
Мурда-мурда, умр бахшидам ба инсонҳо!
Темурмалик
Чу озод шуд аз арабҳо Ватан,
Дамид андаке ҷони зебо Ватан.
Сарафкандагӣ чанде охир бишуд,
Зи авлоди Сомону Тоҳир бишуд.
Пас он турктозӣ сар овардашон,
Чу мурғони бе болу пар кардашон…
Зи ҳоли бад аммо батар низ буд,
илҳом аз Лев Ошанин.
Муғулони чун ғўли Чингиз буд,
Ки ногаҳ чу мўру малах рехтанд,
Шару шўри бемисл ангехтанд.
Ақаллан араб дину хат монда рафт,
Муғул мулкро пок афшонда рафт…
Чунон душманӣ кард ҳам бо Хуҷанд,
Ки шуд рўди Сир низ занҷирбанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё