Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Моро чу Хатлони ту ҳаст
Ҳастем дар оғўши ту
ҳамчун Бадахшон сарфароз,
Бошад Ҳисори Шодмон
андар ҷаҳон оғўши боз,
рамзи сахои хоки мо,
Суғдат — дили бебоки мо,
Рашти ту — яшти поки мо.
Яктои мо — Модар-Ватан,
Дунёи мо — Модар-Ватан,
Дирўзи мо, имрўзи мо,
Фардои мо — Модар-Ватан!
Ҳар нақби ту сўи ҷаҳон
Ҳар шаҳраҳат роҳе сафед
Аз барқи чашми мо ҳама
Аз зўри дасти мо туро
моро мунаввар равзан аст,
бар олами мову ман аст,
нерўгаҳат равшан бувад,
дашту даман гулшан бувад!
Яктои мо — Модар-Ватан,
Дунёи мо — Модар-Ватан,
Дирўзи мо, имрўзи мо,
Фардои мо — Модар-Ватан!
Ҷорист то дарёи ту,
дилҳои мо дарё бувад,
Чун кўҳсорат то абад
уммеди мо барҷо бувад,
Зўрат фузун, эй зўри дил,
нурат фузун, нури басар,
Тоҷат ба сар то ҷовидон,
эй тоҷиконро тоҷи сар!
Яктои мо — Модар-Ватан,
Дунёи мо — Модар-Ватан,
Дирўзи мо, имрўзи мо,
Фардои мо — Модар-Ватан!
ПАЙҒОМИ ПАЙВАНД
Зардушт
Эй оташи зебо, бисўз, эй оташи зебо, бисўз,
Моро зи нури худ бисоз, оҳу ғами моро бисўз.
Аз даст бар дасте бирав, аз манзиле бар манзиле,
Сард аст ин дунё, бубар гармии дилро бар диле.
Тақсим шав, тақсим шав, бар ў бирас, бар ман бирас,
Кас бенасиб аз ту мабод, бар аҳли ин Меҳан бирас.
Ҳар гўшаи ин мулкро пурнур созу гарм соз,
Оташдилонро ҳар куҷо бинмой чун худ сарфароз.
Ҳар хонаеро гарм кун, ҳар хонаеро нур деҳ,
Уммедҳои рўшане бар хаставу ранҷур деҳ.
Рўшан ҳикоятҳо бикун аз покии Зардуштамон,
Дар пешамон кинро бисўз, то пок монад пуштамон.
Эй оташи зебо, бисўз, мо посдори оташем,
Аз сардии дил дилгазон, аз гармии дилҳо хушем.
Мо зодаи як модарем, парвардаи як обу гил,
Моро ба мо бинмо қарин, моро ба мо кун гармдил.
Бодо зи танҳоӣ раҳо з-ин баъд ҳар ангушти мо,
Ангуштҳои ҷамъи мо бодо аз ин пас мушти мо.
Аз машъалат афрўхта сад машъали дигар шавад,
Дар осмони поки дил ҳар ахгарат ахтар шавад.
Нури туву гармии ту бодо чу ганҷ андўхта,
Дар кишвари мо оташи аҷдод бод афрўхта!
Сапитамен
Эй мардуми покҷону дилравшан,
Як ҷадди шумо – Сапитаменам ман.
Суғдияму аз даритаборонам,
Хасми баду ёри нек ёронам.
Онам, ки зи хештан гузашт осон,
Бинмуд гузар барои мулк аз ҷон.
Чун Суғд ба панҷаи Сикандар шуд,
Хушкид лабам, ду дидаам тар шуд.
Бехеш бисўхт ў «Авасто»-ро,
На, балки бисўхт ҳастии моро.
Бигрифт ба фанд чун Мароқандам,
Шуд заҳр ба коми дил маро қандам.
Юнонӣ аз ин диёр зар мебурд,
Суғдӣ ба диёр хуни дил мехўрд…
Аз баҳри диёр хестам бебок,
Қавмам зи пайам равона шуд чолок.
Ёрам ҳама нанги номдорон буд,
Тирам ҳама санги кўҳсорон буд.
Якчанд ба ҷанги хасми дун будам,
Пирўз гаҳеву гаҳ забун будам.
Якчанд агарчи хасм шуд ғолиб,
Донист, ки дорад ин Ватан соҳиб!
Муқаннаъ
Эй ёр, Муқаннаъам, аз авлоди туям,
Сад бор фидои рўҳи озоди туям.
Дар кори вафо роҳи туро бигрифтам,
Роҳи дили огоҳи туро бигрифтам.
Омад чу араб ба қасди ин мулку макон,
Бо мардуми худ шудам варо офати ҷон.
Ман пешрави ҷомасафедон будам,
Уммедфизои боумедон будам.
Аз нангу зи ном парчам афрохтаам,
Дар Суғду Бухоро ба араб тохтаам.
Дар Наршах агар шикаст аз ман хўрд ў,
Дар ҷанги Самарқанд зи ман афсурд ў.
Афрўхт касе машъала дар кўҳи Санам
Аз оташи чашми аҳли ин мулк, манам!

пешина
аз 235
навбатӣ