Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хумори нози ширини ту дорам,
Ҳавои рози ширини ту дорам,
Ҳазорон гўши ҷону дил шабу рўз
Суи овози ширини ту дорам.
Шудӣ нури басар, дигар чи гўям?
Шудӣ ҷону ҷигар, дигар чи гўям?
Маро парвозҳо додиву охир
Шикастӣ болу пар, дигар чи гўям?
Ба қалбам дони меҳрат коштӣ ту,
Ба ҷонам сўзҳо бигзоштӣ ту.
Маро кофист он як лутфи қисмат,
Ки чанде дўстам медоштӣ ту.
Фақат аксат ба пеши дида монда,
Хумори бўсаҳои чида монда,
Зи ишқи мушкилу печидаи мо
Нафасҳои баҳампечида монда.
Манам рўду ту ҳастӣ соҳили ман,
Манам роҳу ту ҳастӣ манзили ман,
Дилам дар синаам бошад, набошад,
Ту ҳастӣ чун ғами ман дар дили ман.
Шабе рўи туро дар хоб дидам,
Ба чашмат шуълаи маҳтоб дидам,
Зи сўзи дил шудам бедор ногаҳ,
Ду чашми хешро пуроб дидам.
Ало эй дар дилу аз дил ҷудоям,
Баҳоят ҷони ман, эй бебаҳоям,
Дуоят кардаам: пешам бимонӣ,
Туро аз чӣ намегирад дуоям?!
Аё бодомчашми гулнигоҳам,
Ба пешат то қиёмат рўсиёҳам,
Гуноҳамро набахшӣ гар ту аввал,
Намебахшад маро охир Худо ҳам!
Худо гўям, Худо гўям, биёӣ,
Туро ҷўям, туро ҷўям, биёӣ,
Барам дасти дуоямро ба сад сў,
Ки аз як сў ту бар сўям биёӣ.
Марав аз ман, ки бо ғамҳо бигирям,
Чу абри тира сар то по бигирям,
Марав, эй ёри дарёдил, зи пешам,
Ки аз пушти ту ман дарё бигирям!
Дари дилро ту бар рўям кушодӣ,
Маро аз сўзи ман пайғом додӣ.
Марав аз чашми ман чун ашки ҳасрат,
Бимон дар чашми ман чун ашки шодӣ.
Дилам гум мезанад, гум мезанад, гум
Ба ёди он лабону он табассум,
Ба ёд орам чу чашми обиатро,
Кунад рўди дилам бехуд талотум.
Туӣ дарди ману дардофари ман,
Умеди аввали ман, охири ман,
Гузашта аз сари ман оби дунё,
Хаёлатро набурда аз сари ман!
Замоне ошиқат будам, кифоя,
Ба сўзат сўз афзудам, кифоя,
Дар ин савдо зиён кардам агар дил,
Туям будӣ, ҳамин судам кифоя!
Ба ғайри дил бароят ҷо надорам,
Ба ғайри сар ба роҳат по надорам,
Ту меарзӣ ба дунё, эй гули ман,
Дареғи ман, ки ман дунё надорам.
Ба дунё ҷовидонбахтам ту кардӣ,
Ҷавонишқу ҷавонбахтам ту кардӣ,
Куҷо ман лоиқи ишқи ту будам,
Яке лоиқ ба он бахтам ту кардӣ!
Аё эй мўи тору рўи рўшан,
Аё эй ранги боғу бўи гулшан,
Аё пайдои дил аз умри кўтаҳ,
Туро гар гум кунам, гум мешавам ман!
Ман аз ҳар гушна як нон қарздорам,
Зи ҳар мурғак ду-се дон қарздорам,
Зи ҳар кас қарздорам ман каму беш,
Гули ман, аз ту як ҷон қарздорам!
Аз маҷмўаи
«ТАФСИРИ ПАНҶ ОҲ»
(нашриёти «Адиб», 2008)


Ватанам!
Чор сўи ту бувад қиблаи ман,
Худ бигў,
Ман ба кадомин сўят
Саҷда кунам?!


Тоҷикистон,
Бахти мо, тахти мо, тоҷи моӣ.
Тоҷикистон,
Авҷи парвозу меъроҷи моӣ!
Камзамино,
Дар дили мо басо беканорӣ.
Сарбаландо,
Бартарин қуллаи нангу орӣ.
Боғи моӣ,
Бо гулу хори худ ифтихорӣ.
Умри моӣ,
Дар ҳама фасл асли баҳорӣ.
Мо – фаровон,
Дар ҷаҳон баҳри моӣ ягона.
Мо заминем,
Ҳам замина туӣ, ҳам замона.
Аз ману мо
Ҷовидон дар ҷаҳонӣ нишона.
Ҷовидоно,
Номи моро бикун ҷовидона!
Тоҷат ба сар, эй тоҷи сар!
Бар коми дил ҷорӣ бувад
Дар умр чун дасти падар
Баҳри тавоно рўҳи мо
Моро ба сўи ҷовидон
ҳар ҷўи ту чун ҷўи шир,
моро ту ҳастӣ дастгир,
кўҳи ту бошад муттако,
роҳи ту бошад раҳнамо.
Яктои мо — Модар-Ватан,
Дунёи мо — Модар-Ватан,
Дирўзи мо, имрўзи мо,
Фардои мо — Модар-Ватан!

пешина
аз 235
навбатӣ