Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

На қасру на сароҳоям ҳавас буд,
На чашми орзўям сўи кас буд,
Чи корам буд бо Лайливу Маҷнун?
Маро афсонаи ишқи ту бас буд!
Рухат моҳи шабам бошад, гули ман,
Ду чашмат кавкабам бошад, гули ман,
Лабат ҷони ман асту хоҳам аз ҷон,
Ки ҷонам бар лабам бошад, гули ман!
Баҳор омад, ҳама сўи ту бишкуфт,
Басо гул дар лаби ҷўи ту бишкуфт,
Баҳор омад ба дунёи дили ман -
Ба боғи дил гули рўи ту бишкуфт.
Чу чашмони ту ширин ҷом бошад?
Ба монанди ту ширинном бошад?
Диламро нози ширини ту кофист,
Ки дар ин даҳр ширинком бошад.
Ҷамолат офтоби дил, гули ман,
Гуле байни китоби дил, гули ман,
Шитобонтар биё сўям аз ин пас,
Ки афзун шуд шитоби дил, гули ман.
Бувад зангўлаи бахтам телефон,
Шаҳи ботоҷу бар тахтам - телефон,
Агар овози нарматро наорад,
Дар ин дунё сари сахтам – телефон!
Нигоҳам шуд чу роҳи тахт сўям,
Бикаш, эй маҳ, зи ҳар сў рахт сўям.
Ба мисли лонаи холист чашмам,
Наоӣ гар чу мурғи бахт сўям.
Чу омад аз қазо дастат ба дастам,
Шикасти зиндагониро шикастам,
Дари дилро ба рўи ту кушодам.
Дари дилро пас аз пушти ту бастам!
Бароят сўхтам ман, сохтам ман,
Бисоти ишқи ту пардохтам ман,
Чу аксамро ба чашмони ту дидам,
Худамро хубтар бишнохтам ман.
Биафтам, то ки бар поят бимирам,
Бихезам, то ба болоят бимирам,
Бихоҳам, то ки бошам, бо ту бошам,
Ки ҳар дам дар ҳама ҷоят бимирам!
Зи дунё ганҷу ганҷуре нахоҳам,
Ба ғайри ишқи пуршўре нахоҳам,
Агар Яздон расонад бар биҳиштам,
Туро хоҳам, дигар ҳуре нахоҳам!
Шабе бо шамъу бе ту сўхтам ман,
Ба ёдат сўхтан омўхтам ман,
Ҳама шаб дар самои орзўям
Маҳи рўи туро афрўхтам ман.
Замоне, банди чору панҷи дунё,
Кашидам аз бароят ранҷи дунё,
Дили худро саропо бохтам ман,
Туро андўхтам чун ганҷи дунё.
Аё эй ҷон, аз ин бедод бедод,
Ки бандии ту шуд ин ҷони озод -
Ҳамеафтод танҳо кош чашмам,
Дили бечора ҳам бар чашмат афтод!
Ало эй некному эй накўям,
Ало эй ормон, эй орзўям,
Ман аз шодӣ худамро мекунам гум,
Биёӣ ҳар гаҳе бар ҷустуҷўям!
Маро ҳам рўзие доданд, эй гул,
Барои ман туро зоданд, эй гул,
Каноратро ба ман бикшода рўзе,
Диламро бар ту бикшоданд, эй гул.
Аё эй ҷону эй ҷононаи ман,
Аё эй лаззати афсонаи ман,
Сарам бодо ба рўи синаи ту,
Сарат бодо ба рўи шонаи ман!
Муҳаббат чист? – Файзи осмонист!
Муҳаббат чист? – Дар пирӣ ҷавонист!
Муҳаббат чист? – Инро кас надонад!
Ҳама донад, ки асли зиндагонист!
Барои ризқ эй бас кандаам нон,
Барои нафс эй бас кандаам кон,
Барои ишқ эй бас бастаам дил,
Барои бахт эй бас кандаам ҷон.
Чи дарёӣ, ки соҳилро бисўзӣ?
Чи раҳҷўӣ, ки манзилро бисўзӣ?
Чи дилдорӣ, ки аввал дил бисозӣ,
Сипас бедард он дилро бисўзӣ?!
Задӣ оташ ба дунёи дилам зуд,
Бикард аз оташи ишқат дилам дуд,
Ба сина мушти хокистар нишон монд,
Дареғо, як замон он ҷо дилам буд.
Чи кардӣ ту, чи кардӣ бо дили ман,
Ки шуд пуроҳу вовайло дили ман?
Бирафтам аз барат дилмонда сад бор,
Бирафтам ман, нарафт аммо дили ман.
Намонд ин дил, ки ман оқил бимонам,
Миёни комилон комил бимонам,
Ҳамин бошад агар дилдорӣ, эй дил,
Илоҳо, дар ҷаҳон бедил бимонам!
Диле дорам, ҳамовои дили ту,
Кунад ҳар лаҳза парвои дили ту,
Бидонӣ ҳолам он гоҳе ки монанд
Диламро лаҳзае ҷои дили ту!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё