Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамчунон бод ба ҳар кўиву аз ман ғофил,
Мерасӣ бар сари кўи ман, агар каҳ гардам?
Ба умеде, ки замоне зи биёбони фироқ
Ташнаҷон мегузарӣ, об шавам, чаҳ гардам.
Ҳар гаҳе сўхтани уфқ бубинам бе ту,
Аз дили сўхтаи хештан огаҳ гардам…
Як замон…
Як замон мехостам ман аз замин
Сар ба сўи осмонҳояш барам
Як замон мехостам аз осмон
Баҳри ёри сода ахтар оварам.
Як замон мехостам чун ахтарон
Аз фазоҳо бар заминҳо бингарам,
Бо хушӣ бинам ҳама хушбахтро,
Нохушона бар ғаминҳо бингарам.
Як замон мехостам дарё шавам,
Хушктабъӣ то фаромўшам шавад,
Як замон мехостам саҳро шавам,
Сабзаву гул то дар оғўшам шавад.
Як замон мехостам ҳамчун писар
Волидайни хешро дунё диҳам,
Як замон мехостам ҳамчун падар
Тифлакони хешро бар по ниҳам.
Ҳамсарамро як замон мехостам
Як тани хушбахти ин дунё кунам,
Меҳри ўро то фалак боло барам,
Бахтро бар тахти ин дунё кунам.
Як замон бе ишқу бо эҳсоси ишқ
Менавиштам шеърҳо аз ишқи пок,
Як замон бе дарду аз дарди замон
Менавиштам шеърҳои тобнок.
Буд рўзе маҳфили гармам ниёз,
Буд рўзе рўи минбар хоҳишам,
Буд рўзе даъвии ҷоҳу мақом,
Буд рўзе баҳси бебар хоҳишам.
Ман дар ин дунё яқин мехостам
Сохтан дунёи худро аз ҳавас,
Хешро медидам аз дунё фақат,
Пеши ман буданд касҳо ҳамчу хас.
Як замон дар ин ҷаҳони пургуноҳ
Бе гуноҳе зистан мехостам,
То макон кардан ба гўре бошукўҳ
Дар дили мардум ватан мехостам.
Як замон мехостам шеърам шавад
Сардарии хонаҳову гўрҳо,
Як замон мехостам бинад ҳама
Сарфарозам аз қарибу дурҳо.
Як замон мехостам иншо шавад
Дар китоби зиндагонӣ номи ман.
Як замон мехостам боло шавад
Бо алам сад ҷом дар фарҷоми ман…
Эй ки асли хостанҳои манӣ,
Дар куҷои ҷони ман будӣ ниҳон?
Эй ҷаҳони хостанҳои дилам,
Дар дилу ҷонам ту бикшудӣ ҷаҳон.
Аз паси он хостанҳои хасӣ
Омадӣ ногаҳ чу авҷи хостан,
Ҳамчу мавҷи тозаи дарёи дил
Рўй-рўйи мавҷи хоҳишҳои ман.
Омадӣ, бар шишаи чашму дилам
Ҳамчу мавҷи хоста сад нам задӣ,
Хоҳишамро ҷумла кардӣ ноаён,
Хостанҳоро ҳама барҳам задӣ.
Ман зи пурхоҳии дил гаштам раҳо,
Як туро бо сад таманно хостам,
Шуд тиҳӣ дунё зи хоҳишҳои ман,
Як туро аз рўи дунё хостам.
Умри ман чун об рафт аз сар, дигар
Ину онро аз куҷо хоҳад дилам?
Андар анҷоми ҳама он хостан
То абад танҳо туро хоҳад дилам.
Дубайтиҳои як байти абрў
Туро аз накҳати гул кофтам ман,
Ба мўят мўягулҳо бофтам ман,
Аё эй дилбари гулчеҳраи ман,
Туро аз чеҳраи гул ёфтам ман.
Бувад имои абрўи ту ширин,
Нигоҳи чашми дилҷўи ту ширин,
Хаёли рўи ширини ту дорам,
Шавад то умрам аз рўи ту ширин.
Худоят аз кадомин гил сиришта,
Ки дар рўи заминӣ чун фаришта?
Фидои хомаи қисмат дили ман,
Ки номат бар ҷабини ман навишта!
Дилам чун об дар ҷўи ту бошад,
Равад сад сўю ҳамсўи ту бошад,
Бимон, сўзад зи хуршеди нигоҳат,
Ки зери абри абрўи ту бошад!
Маро сўи дили ту роҳ бодо,
Дилат аз сўзи ман огоҳ бодо,
Кунам аз доманат гар даст кўтоҳ,
Чу мўят умри ман кўтоҳ бодо!
Чи будам ман - парешони ту будам,
Ба чанги зулфи печони ту будам,
Ба мисли мурғаки дар зери борон
Ба зери бўсаборони ту будам!
Чи кўтоҳ аст васлат, эй маҳи ман,
Бигўям ман, ки бошӣ огаҳи ман,
Наяст ин айби мўи кўтаҳи ту,
Бувад ин айби дасти кўтаҳи ман.

пешина
аз 235
навбатӣ