Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ба чашми ман нишинад гардҳоят, Ба ҷони ман нишинад дардҳоят.
Биёяд бар димоғи зиндагонӣ Шамими боғ аз гарди гули мо, Шавад як меҳри солим, ишқи солим Илоҳо, ҳосил аз дарди дили мо.
Ба чашми ман нишинад гардҳоят, Ба ҷони ман нишинад дардҳоят.
Дилпайванд
Ту меҳмони манӣ имшаб, Дилу ҷони манӣ имшаб,
Манам кайҳоннаварди ишқ, Ту кайҳони манӣ имшаб.
Ҷаҳони ман туӣ, эй нур, Биҳишти ман туӣ, эй ҳур, Ба мисли гавҳари ноёб
Ба чашмони манӣ имшаб.
Зи чашмонат диҳӣ обам, Ба гирдобат диҳӣ тобам, Дилам даври ту мегардад, Ки тўфони манӣ имшаб.
Туӣ он дарди ҷонкоҳам, Ки дармонаш намехоҳам, Фидои дарди ширинат,
Ки дармони манӣ имшаб.
Туӣ рўшантар аз субҳам, Туӣ дунёи беқубҳам,
Туӣ моҳи пур аз меҳрам, Дурахшони манӣ имшаб.
Туӣ Ширин, туӣ Лайло,
Туӣ якто, туӣ танҳо,
Вале бо ишқи беҳамто
Фаровони манӣ имшаб!
Дилбари ҷавони ман
Дилбари ҷавони ман, бо ту истаро30 бошам?
Дер омадӣ, бас дер, ман равонапо бошам.
Бо ту гар напечам ман, бо ҷаҳон чаро печам?
Бо ту гар набошам ман, дар ҷаҳон чаро бошам?
Лаҳзае, чи мехоҳам, аз дигар ҷавон гардам, Бо ғами ту бегона, бо ту ошно бошам.
Боз ҳар садоеро нашнавам, вале ҳар дам Бар садои пои ту гўши дил фаро бошам.
Дар сарои шавқу шўр бо манӣ қарину дур, Эй навомада, роҳӣ ман аз ин саро бошам.
Он чӣ ин замон ҳастам, розиам, набошам ҳеҷ, чун, чӣ сон (лаҳҷаи Раштонзамин).
Дар баҳои он, к-аз нав ҳамзамон туро бошам.
Роҳ зери поҳоят – Роҳи Каҳкашону ман Дар раҳи ту некахтар марди роҳпо бошам.
Бе ту, хуб донам ман, одами замин ҳастам, Бо ту, эй биҳишт, аз нав Одами Ҳаво бошам.
Акси ман ба чашмонат буд чун ба гирдобе, Оҳ, боз мехоҳам, байни он бало бошам!
Тандурустиам ин дам баски дилдурустӣ нест, Дарди ман, биё, бо ту боз бедаво бошам.
Оҳ, ман чи мехоҳам, боз ҷонфизо бошӣ, Оҳ, ман чи мехоҳам, боз ҷонфидо бошам…
Ман донаму дилам
Фасли баҳор буд,
Дил интизор буд,
Ногаҳ гуле расид,
Дил аз ҳавас тапид.
Бо рўи озарӣ,
Бо шеваи дарӣ
Садди дилам шикаст,
Дар чашми ман нишаст.
Ўро, ки ҳайф буд
Бар рўи гил макон,
Додам ба сад ҳавас
Дар ҷону дил макон.
Бе шўру фитна буд,
Бе макру ҳила буд,
Як маҳ ҷамол дошт,
Барҳақ ҷамила буд.
Кард ў яқин гумон:
Ман ҳам фариштаям,
Шояд зи гил наям,
Аз гул сириштаям.
Чун дид: хокиям,
Сўи само парид,
Борон хаёл кард,
Ашки маро надид.
Дар роҳи рафтанаш
Бар авҷи осмон
Ў канда шуд зи дил,
Ў канда шуд зи ҷон.
Аз ҷои кандааш
Ҷорист хуни дил,
Кай мекушад маро
Дарди фузуни дил?
Дар ҷустуҷўи ў
Ман дарбадар шудам,
Аз хеш бехабар,
Аз дил хабар шудам.
Ў бегуноҳ буд,
Ҳам рафт бегуноҳ,
Он рўсафед рафт,
Ман монда рўсиёҳ.
Помоли сад хазон
Дар роҳи он гулам,
Ман донаму Худо,
Ман донаму дилам.
Ишқи поки бегуноҳ
Ту будӣ ишқи поки бегуноҳам, Зи дарду доғи дунё сарпаноҳам.
Кунун ғайри хазонрезе намонда, Зи дил ҷуз сўзи дил чизе намонда.
Диламро бо ту ишқе буд дилкаш, Ба монанди баҳорон софу беғаш, Дареғо, тирамоҳ омад баногоҳ, Дилам шуд аз хазонрези ман огоҳ.
Расида тирамоҳу мевазад бод, Зи дарди ҳаҷри ту фарёду фарёд!
Чи монда? – Офтобе бар ситеғе, Фиғоне, нолае, оҳе, дареғе…
Дар сари раҳ
Дидамат дар сари раҳ, аз сари он раҳ гардам, Гуфтӣ: “Оям сари маҳ” . Аз сари он маҳ гардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё