Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шодона душманам ба ту рўзе хабар диҳад:
“Рафт аз ҷаҳон Низом!”
, ту бовар намекунӣ?!


Рўзгори хонумон обод бод, обод бод!
Бо хушиҳо тавъамон обод бод, обод бод!
Бо хаёлу бо гумони хонумон бигзашт умр,
Ин хаёлу ин гумон обод бод, обод бод!
Ҳафтранги орзўшон дар самои зиндагӣ
Ҳамчунон рангинкамон обод бод, обод бод!
Хонумоне ҳар замон чун дил бари мо будаанд,
Ёде аз он ҳар замон обод бод, обод бод!
Гарчи моро гашт вайрон хонумон аз хонумон,
Хонумонро хонумон обод бод, обод бод!


Маро нигоҳ ҳар шабе зи нав ба роҳ мешавад,
Ба ёди рўят аз дигар ба сўи моҳ мешавад.
Ба он ҳавас, ки мерасӣ зи роҳи фикру ёди ман,
Вуҷуди интизори ман ҳама нигоҳ мешавад.
Зи хеш бе ту хастаам, ки хандаву каломи ман
Чу мерасад маро ба лаб, фиғону оҳ мешавад.
Дар он ки мо ҷудо шудем, сазои ин ҷазо шудем,
Наҷўям аз ту ман гунаҳ, ки ин гуноҳ мешавад.
Кунун маро ту нестӣ, чу каҳрабо ту нестӣ,
Аз ин хаёл рўи ман чу барги коҳ мешавад.
Дар ин ҷаҳони ашку хун, ба панҷаи чарову чун
Сарат сафед мешавад, дилам сиёҳ мешавад…


Боз ширин нозҳоят мерасад бар ёди ман,
Бехгўшӣ розҳоят мерасад бар ёди ман.
Буд овози ту дар гўшам чу овози дилам,
Дилнавоз овозҳоят мерасад бар ёди ман.
Мурғи бахтам будаӣ, эй хушпаруболи дилам,
Ҷонибам парвозҳоят мерасад бар ёди ман.
Пеши ҳусни дилситону софи бепардози ту
Хиҷлати пардозҳоят мерасад бар ёди ман.
Ишқ якто буд, аммо сангандозон зиёд,
Ҷаҳли сангандозҳоят мерасад бар ёди ман.
Гарчи ишқ анҷом шуд, кори дилам анҷом шуд,
Ҳар даме оғозҳоят мерасад бар ёди ман.


Эй Само, бар авҷи ту он моҳи тобон ку?
Эй Замин, бар рўи ту он нусхаи ҷон ку?
Хотирам чун мўи мушкинаш парешон шуд,
Хотири ҷамъи ман - он мўи парешон ку?
Нақши поҳояш ба рўи барфҳо мемонд,
Беғубор он барфҳо ку, он зимистон ку?
Ҷуз гули рўяш намедидам гулеро ман,
Бехазон он гул куҷову он баҳорон ку?
Аз рухаш пайваста дони хол мечидам,
Бепару болам дигар, он мурғу он дон ку?
Дастҳоям монда ҳамчун шохи хушкида,
Мавсими пайванд бо он дасту он рон ку?
Реза-реза мешавад ҷонам ба ёди ў,
Резарафтории зери резаборон ку?
Бе вай ин дунё ба як арзан намеарзад,
Эй Худо, он дилбари арзандаи ҷон ку?!


Ёд бодо субҳу шоми бо ту буданҳои ман,
Рўзу шабҳоро фидои ту намуданҳои ман.
Ёд бодо дар ба рўи ман кушоданҳои ту,
Ёд бодо дил ба рўи ту кушуданҳои ман.
Ёд бодо по ба рўи остонам монданат,
Ёд бодо рў ба поҳои ту суданҳои ман.
Ёд бод оварданат дуздона худро то барам,
Ёд бод аз бахт бахши худ рабуданҳои ман.
Ёд бодо костанҳои ту ғамҳои маро,
Ёд бодо шавқу шўратро фузуданҳои ман.
Ёд бодо дар дилам тухми муҳаббат киштанат,
Ёд бод он киштаро бехуд дуруданҳои ман.
Ёд бод аз шавқи иқболи баланди хештан
Дар ҳамовозӣ ба бахти худ суруданҳои ман.
Эй набуду буди ман, дар олами буду набуд
То набудан ёд бодо бо ту буданҳои ман!
Беҳтарин гул
Рухатро беҳтарин гул гуфта будам,
Набинам кош ман гарди гулатро.
Ба дарди дил задам гарчӣ зи дастат,
Набинам кош ман дарди дилатро.
Ба чашми ман нишинад гардҳоят,
Ба ҷони ман нишинад дардҳоят.
Ба ғайр аз гарди гулҳои баҳорӣ
Мабодо бар рухи ту гарди дигар,
Туро кофӣ бувад ҳамдардии ман,
Мабин дар зиндагонӣ дарди дигар.

пешина
аз 235
навбатӣ