Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Охир мабод ин рўзро, поён мабод ин сўзро,
Болои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Бигзор худро гум кунам, бигзор дунё гум кунам,
Пайдои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Дар олами афтодаҳо рўзе биафтам ман зи по,
Барпои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Ҳарфи муҳаббат дигар аст, хомўшии ман беҳтар аст,
Овои ман ишқи туву ишқи туву ишқи ту бод!
Ту чун субҳи сафоборӣ, «туро ман дўст медорам»
,
Ба ҷонам файз меорӣ, туро ман дўст медорам.
Мани чун хорро бас ифтихори дар барат будан,
Гули ман, бо ҳама хорӣ туро ман дўст медорам.
Гаҳе даркам кунӣ, зўрам, гаҳе таркам кунӣ, зорам,
Ба ин зўриву ин зорӣ туро ман дўст медорам.
Ба майли чашмҳои раҳзанат, эй раҳнамои ман,
Равонам бо раҳи ёрӣ, туро ман дўст медорам.
Туӣ кабки дарии ман, нигори озарии ман,
Чу озар ҷонам озорӣ, туро ман дўст медорам.
Аз он рўзе туро дорам, на хобам ман, на бедорам,
Миёни хобу бедорӣ туро ман дўст медорам.
Чи хушбахтам, ки чун ҷонат, чи хушбахтӣ, ки чун ҷонам
Маро ту дўст медорӣ, туро ман дўст медорам!
Дилам бурдиву мехоҳӣ кунун ҷонам, ҳалолат бод!
Чунин номардумӣ, эй нури чашмонам, ҳалолат бод!
Дар ин бероҳаи дунё, ки раҳгум мезанад кайҳон,
Раҳе бикшодаӣ сўи дилу ҷонам, ҳалолат бод!
Маро, ки мурда будам, зинда кардӣ эй басо мушкил,
Вале куштӣ зи нав бисёр осонам, ҳалолат бод!
Задӣ оташ маро бар ҷону дил аз шуълаи рўят,
29 Моли ҳаким Анварӣ.
Фикандӣ байни оташ зору ҳайронам, ҳалолат бод!
Замин сад печутобам дод, аммо нолишам нашнид,
Фалак аз дасти ту бишнид афғонам, ҳалолат бод!
Яке фармонбари ишқи худатро сохтӣ аз ман,
Рабуда оқибат аз даст фармонам, ҳалолат бод!
Сарамро пур зи фикру ёди худ кардиву бар болин
Намондӣ лаҳзае осуда сар монам, ҳалолат бод!
Ҳама ороми ман бурдию додӣ беқарориям,
Ҳазорон дард додӣ, бурда дармонам, ҳалолат бод!
Ҳалолат бод, эй паймонахоҳ, он аҳду паймонҳо,
Ҳама паймона, эй беаҳду паймонам, ҳалолат бод!
Ҳалолаш – тифли гирён зода буд аввал маро модар,
Дар ин охир ту кардӣ марди гирёнам, ҳалолат бод!
Ин ҳама бадҳолии ман ҳосили ишқи ту аст!
Бепару беболии ман ҳосили ишқи ту аст!
Ин дили пур аз нафасҳои таболуду ҳазин
В-аз ҳавасҳо холии ман ҳосили ишқи ту аст!
Баъди чанде хандаҳои беғаш, эй хандони ман,
Барғамидилнолии ман ҳосили ишқи ту аст!
Ҳосили ишқат агар бахти ҷавониам нашуд,
Дарди пиронсолии ман ҳосили ишқи ту аст!
Эй баландиқбол, дар пасту баланди зиндагӣ
Ҷумла пастиқболии ман ҳосили ишқи ту аст!
Ман надонам, аз чӣ он хоби хаёлангези туст,
Хоби димедролии ман ҳосили ишқи ту аст!
Ҳастам туро ба дом, ту бовар намекунӣ!
Монанди мурғи ром, ту бовар намекунӣ!
Дар печутоби ишқи ту сар шуд азоби дил,
Ман худ шудам тамом, ту бовар намекунӣ!
Гуфтам туро маликаи ҷону шаҳи дилам,
Гаштам туро ғулом, ту бовар намекунӣ!
Як соҳибэҳтироми дилам дар ҷаҳон туӣ,
Ҳайфо, ба эҳтиром ту бовар намекунӣ!
Пайваста рост гуфтааму рост гўямат,
Бар ростин калом ту бовар намекунӣ!
То боми арш бурдам ишқи туро баланд,
Бар ишқи рўи бом ту бовар намекунӣ!
Бахти туро бихоҳаму гўям тамоми умр:
“Олам туро ба ком!”
, ту бовар намекунӣ!
Бовар кунанд бар сухани банда хосу ом,
Бар рағми хосу ом ту бовар намекунӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё