Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ёр монад лек дар ёдаш ҷавон,
Ончунон - бар ҷанги дунёӣ равон…
Ҷони бе ҷонон ба тан чун ҷо нашуд,
Аз қафои ҷон равон ҷонона шуд.
Аз паси дилдода дил бар ҷанг рафт,
Бо раҳи номусу ному нанг рафт.
Тири мижгонро иваз бо тир кард,
Он ғизоли маст кори шер кард.
Марди майдон гашт ёри хонагӣ,
Ҷон ҳалолаш боду ҳам ҷононагӣ!
Барои сарзамини хеш лашкар шона бар шона
Ба ҷанги рўбарў бо хасми берў хест мардона.
Ба зери пой – гулҳо…
Гўиё помол дунё буд…
Наафтад то ки аз по зиндагӣ, сарбоз бар по буд.
Ба дўшаш бори дунё,
Мисли ин дунё гарон мерафт,
Ба сўи навбаҳори умри дунё аз хазон мерафт,
Фитода чун хазон,
Сўи баҳори ҷовидон мерафт,
Ҷаҳонҷўро намуда танг,
Бар рўи ҷаҳон мерафт…
Ҳама номоварони саф буданд,
Дар раҳи аҳд ҷон ба каф буданд,
Чун адўро ба чанг афтоданд,
Сир надоданду ҷумла сар доданд,
Дода дар роҳи аҳди худ ҷонро,
Зинда карданд расми паймонро.
Чор соли пуразоб аз сар гузашт,
Хуни дилҳо ҷои об аз сар гузашт.
Чоҳкан гардид охир зери чоҳ,
Душмани дун монд бо ҳоли табоҳ.
Бар фарози лонаи бедодгар
Байрақи Сурхи Зафар шуд ҷилвагар.
Номи неки ғолибон бар тоқ монд,
Он Зафар дар сафҳаи офоқ монд.
Пайванд
Гар яке дарбадар овораи туст, эй Ватанам,
Дигаре дар бару ҳамбораи туст, эй Ватанам,
Ҳама як бахшату як пораи туст, эй Ватанам,
Чорасози туву бечораи туст, эй Ватанам.
Ҳама пайванди ту як зарра туро бо худ бурд,
Аз ҳавои ту туро ҳамчу ҳаво бо худ бурд,
Байни ғавғои ҷаҳон ҳамчу садо бо худ бурд,
Гияҳи меҳри туро ҳамчу даво бо худ бурд.
Бо яке рўи ҷаҳон савту сурудат ҳам рафт,
Бо дигар баҳри ҷаҳон пайку дурудат ҳам рафт,
Дар дилу дидаашон буду набудат ҳам рафт,
То ба ақсои ҷаҳон ҳадду ҳудудат ҳам рафт!
Рафта бар даҳру ҷаҳондида чу фарзанд шудӣ,
Бо ҷаҳон боиси фарзанд ту пайванд шудӣ,
Кай ба маҳдудаи худ баставу побанд шудӣ? –
Бо бузургии дилу рўҳ ту садчанд шудӣ!
Як дили пур зи нишоту ғами моӣ, Ватанам,
Нусхаи ҷовиди бешу ками моӣ, Ватанам,
Ҳама ҷову ҳама дам ҳамдами моӣ, Ватанам,
Ҷузъи ин оламу худ олами моӣ, Ватанам!
Ориёи ман
Мондаст аз ту ёд, аё Ориёи ман,
Дасту дили кушод, аё Ориёи ман,
Ёриву адлу дод, аё Ориёи ман,
Ёди хуши зиёд, аё Ориёи ман!
Бигзашт сад хазон, зи ту ёди баҳор монд,
Ағёру кин намонд баҷо, меҳри ёр монд,
Аз боғи ту ба мо гули номусу ор монд,
Хор аз ту шуд бабод, аё Ориёи ман!
Аз ту нишон барои ҷаҳон нанги ту бас аст,
Моро ба ҷону дил фару фарҳанги ту бас аст,
Нақши ба сангу нармии оҳанги ту бас аст,
Эй ҷовидон савод, аё Ориёи ман!
Рафтӣ зи дида дур, вале кай ниҳон шудӣ,
Бо ори ҷовидонаи худ ҷовидон шудӣ,
Бо ному нангу ори ҷаҳонӣ ҷаҳон шудӣ,
Ори ту зинда бод, аё Ориёи ман!
Ватан
Пайғамбарию сурўши ту дар ёд аст,
Шоҳаншаҳиву Курўши ту дар ёд аст,
Дорои ту пештози дороён аст,
Тимсоли хирад ҳамон Анўширвон аст.
Хокӣ ту, вале чи гуна хокӣ, Ватанам?! –
Аз хоки азизонию покӣ, Ватанам!
Ту ҳайкали ору ормонӣ, Ватанам!
Тоҷию ба фарқи тоҷиконӣ, Ватанам!
Бас об зи сар рафту «Авасто»-и ту монд,
Хушкид ҳазор рўду маҷрои ту монд,
Суҳроби туву Рустами Дастони ту монд,
Ободии ҷону мулки вайрони ту монд.
Хокӣ ту, вале чи гуна хокӣ, Ватанам?! –
Аз хоки азизонию покӣ, Ватанам!

пешина
аз 235
навбатӣ