Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қувват мадеҳ ту ҳаргиз
Овои тарсувонро,
Пурзўру пурратар кун
Овои пуртавонро.
Разманд дар гулўят
Овои ноҳақу ҳақ,
Гоҳе зи дарди мардум,
Гоҳе пурӣ зи лақ-лақ.
Дар ту садои ноҳақ
Ҳақро гаҳе бипахшад,
Ояд ба дард аз ин дил,
Кай дил туро бубахшад?!
Эй микрафони озод,
Ман бар ту додам овоз,
То қувваташ бубахшӣ,
Бар оламаш диҳӣ боз.
Огоҳ бош аз хеш,
Рўшод дидаам ман:
Сад даст хоҳад аз ҷон
Қуртакҷафат намудан…
Ово кунӣ ба шодӣ,
Ин шодият муборак!
Эй микрафони озод,
Озодиат муборак!
Овои ҳақ
Танг омад зиндагӣ, андешаро паҳно кунед,
Роҳи саҳро баста бошад, синаро саҳро кунед.
Рўдро дар худ фурў бинед ҳангоми хазон,
Рўде аз дарёдилӣ ҷорӣ дар он маҷро кунед.
Дар раҳи созандагӣ бекор монед аз қазо,
Хешро аз по канеду аз дигар барпо кунед.
Ҳар куҷо дар гўшатон овои ҳақ бидҳад садо,
Сўи ҳам он гуна ҳақ чун кўҳҳо ово кунед.
Ҷой кардан хешро дар маҳфиле душвор нест,
Хешро аз роҳи ёрӣ дар дили ҳам ҷо кунед.
Аз қазо бинед – дасте сўи фардо кўтаҳ аст,
Аз вафо ўро бигиреду ба худ ҳампо кунед.
Ҳар киро бинед нобино ба сатри роҳи умр,
Чанд сатр аз Рўдакӣ хонедашу бино кунед.
Ёр бепарво шавад, ранҷиш чаро, лутф оваред,
Рўзу шаб парвои парвохоҳи бепарво кунед.
Ман-манӣ моро ба манҳо мекунад ҳар ҷо ҷудо,
Ман-маниро бас кунед, андешаҳо аз мо кунед!
Умрро бо фикру зикри оқилон бар сар баред,
Фикри Бедил мушкил ояд, зикри Мавлоно кунед.
Ёди некони ҷаҳон оред рўзону шабон,
Баъд аз он, хоҳед агар, як лаҳза ёди мо кунед!
Эҳё
Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кўҳи побарҷо шудем.
Сад ҳазорон Ман ба ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон Мо шудем.
Ҳосили ҳамдасту ҳампоӣ бубин,
Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем.
Меҳри ҳам варзида, қад афрохтем,
Қадри ҳам дониста, сарболо шудем.
Дасти ҳам бигрифта, ҳамчун ҳарфҳо
Рўи авроқи Ватан маъно шудем.
Милро аз чашми миллат карда дур,
Ҳамчу шеъри Рўдакӣ бино шудем.
Доруи дарди ҷудоӣ ёфтем,
Вориси арзандаи Сино шудем.
Рў ба роҳи ҳақ ниҳодем аз дигар,
Рострав чун сатри Мавлоно шудем.
Бин ба мо ҳар субҳ чун бар Офтоб –
Гум нагаштем, аз дигар пайдо шудем!
Рўзи умед
Он бад гузар кард, ин нек омад,
Рўзи умеди тоҷик омад!
Аз ҳастии мо шуд дур дурӣ,
Наздикии мо наздик омад!
Меҳри туву ман – ин субҳи рўшан
Аз баъди шоми торик омад.
Бошед сокит, тиру камонҳо,
Бахти Ватанро таҳрик омад!
Шарманда шуд хасм – иқболи моро
Гуфто наояд, ў лек омад!
Ағёр ҳар ҷо афтод аз по,
Сад ёр баҳри табрик омад!
Туф-туф зи чашми бад, эй азизон,
Чашми бад, оваҳ, муҳлик омад!
Сад шукри қосим, шукри низомаш
Гуфтему маънӣ борик омад!..
27.06.97
Барги саломи сабз
Омад баҳор, аз сари раҳ хору хас бигир,
З-ин пас зи атри боғи саҳаргаҳ нафас бигир.
Чун ҳаст асли ҳол басо хуштар аз хаёл,
Мурғи хаёлро нафасе дар қафас бигир.
Барги саломи сабз ба дастони кас бинеҳ,
Барги саломи сабз зи дастони кас бигир.
Дилбастагӣ бубар, ба ҳама ҷо, ки бигзарӣ,
Ҳар дилгирифтагӣ дигар аз хосу хас бигир.
Он роҳро биҷўй, ки сўи ҳавас барад,
Бероҳро бигўй, ки роҳи ҳавас бигир.
Дар барги гул навис дигар нома баҳри ёр
В-он номаҳо, ки додӣ аз ин пеш, пас бигир!


Арзандаи номи хеш бошед,
Қоим ба мақоми хеш бошед.

пешина
аз 235
навбатӣ