Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Дар дандони тило
Дар ин мулк як чиз ман карда ҳис:
Даҳанҳост тилло, суханҳост мис.
Магар осон бар ин мушкил расидам,
28 Бар асари ҷароҳати сангин дар ҷанги ҷаҳонӣ як дасти устод аз дигараш кўтоҳтар шуда буд.
Ки сад чил дидаву бар чил расидам.
Гилолуд обҳо дидам ба ҳар ҷо,
Ба маъноҳои обу гил расидам.
Расида, гуфтам, айёми камолам,
Чу дидам, боз нокомил расидам.
Ба дилбарҳо расидан буд осон,
Кунун осон бар дарди дил расидам.
Чу шамъе сўхтам, дил об кардам,
Куҷо осон ба ин маҳфил расидам?
Гаҳе аз дўсти ҷоҳил гузаштам,
Гаҳе бо душмани оқил расидам.
Басо андар сафар дилсард гаштам,
Ба қадри гармии манзил расидам.
Надонам, гаҳ чи боис дер кардам,
Надонам, гаҳ чаро оҷил расидам.
Тапидам зиндадил гоҳе ба дарё,
Гаҳе дилмурда бар соҳил расидам.
Диламро ҳар касе нашнохт, нашнохт,
Нагуфтам ман, ки бо ғофил расидам.
Раҳи чилсолаам беҳуда кай буд,
Ки бо ин маҳфили ҳамдил расидам!
Ғазали нур
Дар ҷашни Нерўгоҳи обии барқи Норак
Дунё бувад мунаввар аз офтоби Норак,
Хуршед саҷда дорад бар хоку оби Норак.
Чашми саводи моро аз тирагӣ раҳо кард,
Нури саводи мо шуд ҳарфи китоби Норак.
Меҳраш чу чира гардад, хуршед тира гардад,
Хуршеди осмонро гаҳ нест тоби Норак.
Шоми диёр рўшан, илҳоми ёр рўшан
Аз ахтарони поку аз моҳтоби Норак.
Аз кохи кўҳи Нораш, аз кўҳи Кохи нураш
Ҳар ҷонибе равона рўди савоби Норак.
Бар ҷони мо бирезад умре шароби нураш,
Моем, эй азизон, масти шароби Норак.
Кони намак варо бод дар ёду хотир обод,
Як умр бонамак бод обу кабоби Норак.
Бингар ба кўҳсораш хоки беҳ аз зарашро,
Бингар ба рўдаш оби беҳ аз гулоби Норак.
Баҳри ҷаҳоннамояш оинаи дили ўст,
Бингар аён ту дар он сабру шитоби Норак.
Ҳар инқилоби дунё тахрибкори дилҳост,
Ободии дили мост аз инқилоби Норак.
Рў сўи қибла орам, дасти дуо барорам,
Гўям: мабод тира ин НОБ-и ноби Норак!
Рўзе зи Сангтўда гирем тўдаи нур,
Як сафҳа зам бигардад бар фаслу боби Норак.
Бодо муборак ин рўз, эй нурбахш мардум,
Бодо муборак ин роз, эй хоку оби Норак!
Барои мурғи дил
Барои мурғи дил аз чӣ қафас дуруст кунем,
Баҳор омада, боз о, нафас дуруст кунем!
Чу мурғакон, ки насиби ҳаёташон фаслест,
Ба меҳр лона зи хору зи хас дуруст кунем.
Нагуфта дод зи хешу касон, кунун бояд
Барои хешу касон додрас дуруст кунем.
Агар хаёли мароҳил ба сар бувад моро,
Нахустмарҳала бонги ҷарас дуруст кунем.
Биафканем ба хок ин замон бинои ҳасад,
Бинои маънавие аз ҳавас дуруст кунем.
Ҳавои ҳампарии шоҳбоз агар нашавад,
Барои худ пару боли магас дуруст кунем.
Зи нокасӣ гузару бо касон назар созем,
Ҷадал кунем, ки дар хеш кас дуруст кунем.
Дар ин ҷаҳон бишавад то сазои пои касе,
Барои хеш диле дастрас дуруст кунем.
Бинои ҷаҳл ба бунёди худ кунем хароб,
Бинои ақл зи бунёд пас дуруст кунем.
Дуруст шуд, ки баҳор омаду зимистон рафт,
Расед, ҳамнафасон, то нафас дуруст кунем!
Микрафони озод
Эй микрафони озод,
Ман бар ту додам овоз,
То қувваташ бубахшӣ,
Бар оламаш диҳӣ боз.
Овози ман, ки умре
Андар гулўям афсурд,
Соҳибзамонам ин сон
Як умр лол бишмурд.
Орам кунун ба ихлос
Овози хеш сўят,
Ногаҳ мабод монад
Дар маҳбаси гулўят.
Сўят расида мардум
Бо рози худ зи ҳар сў,
Сўи ту мешитобад
Яксон далеру тарсў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё