Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Сарсон зи пайи касон нагардед, Дар даст зимоми хеш бошед.
Аз пушти баландҳо манозед, Худ зинаи боми хеш бошед.
Аз маҳфили нокасу касон дур Масти майи ҷоми хеш бошед.
Бозӣ бувад ин шаҳу ғуломӣ, Худ шоҳу ғуломи хеш бошед.
Дом аст ҷаҳон ҳама, бубинед, Афтода ба доми хеш бошед.
Худ қисмати хеш хуш бисозед, Худ пайку паёми хеш бошед.
Бо назми Низом ҳам набошед, Бо назму низоми хеш бошед!
Ишқи баланд
Мефуроӣ ту, эй сафедандом, Ҳар гаҳ аз ошёни ҳафтуми хеш, Мефурояд фариштае гўё
Пок аз осмони ҳафтуми хеш.
Ҷустаму ёфтам туро охир
Ман, ки ишқи баланд мекобам, Бингарам чун ба ошёнаи ту, Хешро сарбаланд меёбам.
Мерасӣ пеши ман хиромида,
Дилбари ҳафтумошёнии ман,
Сари ман мерасад ба гардунҳо, Шукрат, эй бахти осмонии ман!
Ту биёӣ, ду чашми раҳгузарон Бо ҳавас сўи мост аз пасу пеш, Ба фарзандонам
Эй баландошёни ман, бо ту
Мешавам ман баландтар аз хеш!
Эй биҳишти дилам, аз ин пастӣ Бар маро, ҳафтумошёнӣ кун!
Эй фаришта, ки меравӣ бартар, Ишқи поки дили маро ҳам бар, Осмонӣ кун, осмонӣ кун!
Обод хонаат
Обод хонаат, эй хонабони ман, Фарзонабахши ман, фарзонабони ман.
Эй Шаҳрзоди ман, аз деҳ расидаӣ, Дар шаҳр то шавӣ афсонабони ман.
То бо манӣ, маро парвои сўз нест, Эй шамъи рўшанам, парвонабони ман.
Ҳар гоҳ сар ниҳӣ бар шонаам бамеҳр, Бар меҳр сар ниҳам, эй шонабони ман.
Сад дона коштӣ бар хоки ҳастиам, Якдонаи дилам, эй донабони ман.
Хушбол чўҷаҳо – ҳамболи меҳри мо Зери пари ту бод, эй лонабони ман.
Аз ҳар даре маро орӣ ту бар дарам, Эй даркушои ман, кошонабони ман.
Ҷони манӣ туву ман хоҳам аз Худо:
Бошад дар ин ҷаҳон ҷононабони ман.
Чанд ғазали як ғизол
Роҳест ишқ, ҳеҷ ба поён намерасад, Дардест ишқ, ҳеҷ ба дармон намерасад.
Коҳест ишқ, Коҳкашон паст пеши ўст, Оҳест ишқ, ҳеҷ ба Кайҳон намерасад.
Ҷисмест ишқ, ҳеҷ ба ҷонаш ниёз нест, Ҷонест ишқ, ҳеҷ ба ҷонон намерасад.
Ганҷест ишқ, ҳеҷ ба ҷустан наёбияш, Бе лутфу меҳрубонии Яздон намерасад.
Ту ишқамро шукуфонӣ, чу гул хандида мемирам, Ту бахтамро хазононӣ, ба худ печида мемирам.
Агар даркам кунӣ, дарки ҳама асрор хоҳам кард, Агар таркам кунӣ, ҳамроҳи дил таркида мемирам.
Яке ганҷина меварзад, яке сад кина меварзад, Маро то ҷон бувад, ишқи туро варзида мемирам.
Ҷаҳонро гашта-гашта, мерасам назди ту саргардон, Ҷаҳонро дида-дида, акси ту дар дида мемирам.
Диҳад гар даст ишқат, даст бар дасти ту хоҳам рафт, Агар надҳад, ба пеши пои ту афтида мемирам.
Агар тарси зи ман рафтан диҳӣ ин ҷони шайдоро, Ба мисли оҳуи гумкардараҳ тарсида мемирам.
Сари гўрам чу Лайлӣ беди Маҷнун гар бисабзонӣ, Ба ёди ишқи сабзат то абад сабзида мемирам.
Наоӣ гар сари болини марги ман, хаёлатро Ба ранги орзўи зиндагонӣ дида мемирам.
Аё дилпурси ман, дар ташнагии лаҳзаи мурдан Ба ҷои оби ҷонбахшо туро пурсида мемирам.
Ба ҳар ҳоле, аё эй лоиқу арзандаи ишқам, Ба ишқи лоиқу арзандаат арзида мемирам!
Он чӣ миёни мову ўст, ман донаму ўву Худо, Пинҳон зи душман, ҳам зи дўст, ман донаму ўву Худо.
Аз ҷумлаи фарзонагон, аз ҷумлаи бегонагон Бо мо фақат ҷому сабўст, ман донаму ўву Худо.
Ин гаштаем, ун гаштаем, аз хеш берун гаштаем, Зоҳир бувад ин ҷилди пўст, ман донаму ўву Худо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё