МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«Чӣ хел хуб нест? Модар аз аҳволи писар бохабар бошад, нохуб аст?»
«Не... Шумо озодапӯш метобед. Либосатон хоколуд мешавад».
«Хок бар сари озодагиам. Писарро аз даст додам...»
Гӯрканҳо дигар чизе гуфта натавонистанд. Ба рӯйи ҷавонзани пиртоб нигариста сар афшонданд, ки чунин ҳол барояшон нав нест:
«Гӯронидан – мерос. Аммо на модар писарро...»
Модари сияҳпӯш ба айвони лаҳад даромад ва аз гӯркобҳо напурсида хам шуд андар даҳонайи танги лаҳади торик.
Гӯркане бо теша метарошид девори хонаро. Модар чӣ гуфта ӯро аз гӯр бароварданро намедонист.
«Намебаройӣ, ака?»
«Андаке монд».
«Буро, ака... Бинам, ки чени қади ӯ шудааст ё чени қади худам...»
«Чӣ хел?»
«Қомати ӯ аз қади ман ду ангушт боло шуда буд...»
Ва якбора баланд садо кард модар:
«Мошин очата мезад, намешуд, бачам?!»
Ва дигар чизе нагуфта, пеши чашмонаш пур аз ашк ҳаракати ба лаҳад даромадан кард.
«Андак, хоҳар! Канор биист, хокро берун партоям...»
Гӯркан бо ин сухан модарро боздоштанӣ буд. Рӯйи бел хок бардошт. Вале модар андар даҳанайи лаҳад монандайи чиму хишт истода буд, ки баъди ба хок супоридан даҳонгир кунанд. Дар ҳолате ки нишаста нигаҳ ба гӯри писар мекард, каме якбара лағзид. Ва ҳаёти чордаҳсолайи ягона писар пеши назар омад, ки бо чӣ душвориҳо ин моҳро пурра гардонида буд. Инак шомхӯрда мегардад моҳ; шаб тиратар мешавад ва субҳ дар гӯшайи фалак пораабри сафед метобад.
«Буро, ака!»
«Ҳозир, хоҳар! Ина буромадам...»
Сухани нарми гӯркан аз тир ҳам сахттар расид ба мағзи сари модар ва сӯзонда гузашт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё