МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳамин ҳам кор шуду! Ба болойи ин ҳама аз ҳукумати шаҳр, аз кумитайи ҳифзи табиат омада ба сарам ҷарима бор карданд, ки муҳити зистро халалгор шудӣ. Ту намедонӣ, ки вай чӣ ҷарима ҳаст. Баробари он ки ба сари санг чанд зарба зада бошам ба сарам ҳамон қадар зарба заданд. Тамоми ин кӯҳҳоро талқон карда фурӯшам ҳам, қарзи ҷарима адо намешавад. Ин дунё корҳое дорад, ки то фаҳмиданаш ба чашми кас нур намемонад; дар сараш мӯй. Ин қадар бофта мебароранд! Худо ин шахҳойи осмонсоро баройи он офаридааст, ки бечорагон истифода баранд. Ҷою манзил созанд. Девор месозӣ, андова мекунӣ; сафедорҳойи боғатро бурида болору васса метарошӣ, тори бомро гиландова мекунӣ. Ҷонат осуда меёбад. Қарзи падарӣ ҳам адо мешавад.
Аммо нозирон буду нобудро рӯфтанд. Устопулӣ ҳам намонд.
Ин навбат баройи ҷаримаро адо кардан худамро фурӯшам ҳам пул намерасид. Лекин нозирон одамони хуб будаанд «муомила» кардем: Доштаамро ба кафи дасташ қаппондам.
Санад-панадро дарронда партофт. Насиҳат ҳам кард: «Натарсида коратонро кардан гиред. Меҳнатӣ будаед...»
Биғел! «Не!» гӯйӣ, ана ин сангфарсо ду пуд вазн дорад. Зада-зада, сарат, дасту поят, ҳама устухонҳоятро мешиканам...
Алам аз ту нагирам, аз кӣ гирам?... Э сарсахте! Даставу даст аз зарб мешиканаду сари ту намешиканад. Дастам лат мехӯрад; мадорам меравад... чӣ ҷонсахтӣ, санг! Ё ту низ чун ҳама? Аз дасташон коре ояд, чунон ноз мекунанд, ки...
Ана он нобакор тракторашро дар сояйи чинор гузошт. Дар нишебӣ. Зеро оташафрӯз надорад, ғелонда дар мегиронад.
Ана омад! Гӯш андоз! Тракторро дар пиллаҷо гузошт. Газ дод. Дудаш аз чинор ҳам боло баромад. Ин чинори сабз хушк намешаваду бас. Гӯё мисли мо кӯру кару гунг; лом намегӯяд.
Лек он қадар сирру савдо медонад, ки фолбинзанак намедонад. Ҳама ҳодисаву сӯҳбатҳо зери баргҳояш пинҳон мемонад.
Бисёриҳо аз чашми офтоб руст мешаванд. Молҳойи дайду ҳам зери сояаш думак мезананд; пашша кишк мегӯянд. Аммо чинор дар шиками чокаш бисёр касонро ҷой дода, асрорбозӣ мекунонад; сонӣ ба лаб кулӯх молида мешинад. Баргаш намеҷунбад. Хайр, дигар корҳо ба роҳи худ. Лекин занак остин бар зада, поҷома бардошта ҳай шустушӯй мекунад зери шаршараш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё