Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Айнакат кафад!» аз дил гузаронд ва дигар ба кори саҳро набаромад. Таъбелчӣ аз рӯйи вазифаву одат чанд бор ба дарашон омада бо Усто гуфтугӯ карда бошад ҳам, набаромад. Боре омад, ки шӯ устокорӣ рафтааст. «Ба кор баромадан ё набаромаданат аҳамият надорад... Лекин ман бояд туро ҳар рӯз бинам...» Зан чизе нагуфта дарвозаро пӯшид.
Сонӣ зани рӯкушоди фаъол Санам, ки худро ҳамдеҳайи зани Усто медонист ва миёнаравиро дӯст медошт, ба дарвозайи ӯ омада, фармуд: «Қонун сахт; дар ин колхоз одами бекорро роҳ намедиҳанд: «Аз бекор худо безор!» мегӯянд». Дигар ин ки «чаро-чаро?» зиёд шудааст. Оқибати «чаро-чаро?» – сиёҳчаро!»
Занак чизе нафаҳмид аз ҳарфҳойи подарҳавойи Санам. Зеро ӯро хуб намешинохт; одату хизматашро низ хуб намедонист: «Таъбелчӣ одами нағз. Занмурда. Бепрогул ба кор равӣ, ба гапаш гӯш диҳӣ, аз ту коргари пешқадамтар намешавад».
– Ҳоло пешқадам кист?
– Нест. Худат мешавӣ.
Зани Усто чизе намефаҳмид. Ба никоҳи Усто даромадааст.
Марди бебисот бошад ҳам, бад нест. Меҳнат карда, як газ нонашро ёфта мехӯрад. Аммо сабаби ба ӯ паст нигоҳ кардани ҳамдеҳагонро намефаҳмад. Сабаби ба худаш даҳан наандохтани занмурдаҳойи ҳамдеҳаашро медонад. Баъзеҳо медонистанд, ки чунин зани пурнозу карашма ба ҳар кас зан намешавад, бархе «моли хуб аз қӯтан дур намеравад» мегуфтанд.
Ба тухми мард қирон омадагӣ барин ҳамболини марди бегона шуд. Ба ҳисоб гӯё зани ҳаштум. Занҳойи пешинаш ё мурдаанд ё баромада рафтаанд. Ҳоло чунин нозукиҳоро занак хуб намедонад; агар Санам нафаҳмонад.
Таъбелчӣ чизи дигар гуфт: «Ин хел зани дилкаши об барин тозаву чун офтоб гармрӯ ҳайф мешавад дар дасти Усто».
– Намефаҳмам, ки шумо чӣ мехоҳед, апа?
– Бефаҳм нестӣ-ку?
– Бофаҳм мебудам, аз Андар ҳамин ҷо меомадам?
– Ман, ки пеш аз ту омадам, ба гумонат беақлам?
– Ҳеҷ чиз гуфта наметонам. Лекин аз рафторатон пай мебарам, ки реша гирифтагӣ.

пешина
аз 344
навбатӣ