Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мегирифтаму бӯй мекашидаму ба чашм мемолидаму мегиристам.
– Наход рост бошад, мардакҷон?
– Рост! Ба виҷдонам, рост!
– Чаро наздик шинам, «дуртар шин!» мегуфтед?
– Ноз буд. Оби дари хона қадр надорад. Баъди рафтанат қадратро донистам.
– Ман ҳам як куртаатонро дар сумкаам бурда будам. Мебаровардаму мебӯсидам, мебӯйидаму мегиристам.
– Рост занакҷон?
– Рост! Худо бизанам, рост!
– Рост бошад, чаро як бор худама бӯй накашидӣ?
– Охир танатон ҳама вақт бӯй дорад. Ҳоҷати бӯй кашидан нест...
11.04.07.
ЗАНМУРДА
Усто чӯбкори занмурда аз рустойи дур шӯмурдаеро овард. Зиндагийи Усто чандон хуб набуд. Шояд аз ҳамин сабаб бевае таҳҷойӣ ба ӯ нарасида бошад? Замонҳойи пеш, ки буд, онҳо болойи пахоли шолӣ умр ба сар мебурданд. Аз ин рӯ зани нав чиллайи арӯсиаш набаромада ба деҳи падарӣ баргашт ва баъди чанд рӯз шолу кӯрпа ба хар бор карда ҳамроҳи писари қадрасаш овард. Писар ҳолу рӯз ва зиндагийи модарро дида имову ишора кард, ки баргарданд. Модар «Ту бирав, ман аз пас меравам» гуфта писарро гуселонд ва шол рӯйи пахол, тори шол кӯрпача густурда, ҳаёти нав оғоз кард. Занак зуд ба обу ҳавойи деҳа мутобиқ гашт ва ба кори саҳройӣ ҳам баромад.
Занмурдайи дигар таъбелчӣ буд. Коргари наву тозаро дида, шавқангез менигарист ва чун нигоҳи занак ба нигоҳаш бархӯрад, хешро порсо ва шармӣ вонамуд карда, дида медуздонд; ё ба нӯги мӯзайи саҳройӣ менигарист ё ба осмон, то занак фаҳмад, ки ӯ одами бад нест. Вале занаки бегона дар ин мулк, ки роҳу равиши мардумаш хуб намедонист ва аз заҳри забону таъна метарсид, гӯшайи рӯймол зери лабу дандон гирифта, дос ба қабзайи гандум меандохт. Ва номаълум дуздида-дуздида гӯшайи чашм мекард. «Чӣ хел мардак? Зан надидагӣ барин.

пешина
аз 344
навбатӣ