МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ту ҳам ба гапи калону одамони обрӯманд гӯш деҳ, реша медавонӣ.
– Не. Намехоҳам, ки чун маразак береша дар тани ҳар гиёҳ часпида сабзрӯ намоён шавам.
– Ин хел, ки нек будайӣ, чаро дар Андар реша нагирифтӣ?
– Намедонистам, ки хурӯс дар ҳама ҷо як хел бонг мезанад.
Дер нашудааст. Баргардам, мегӯм...
– Саросема нашав... Дарахтро ҷойгардон кунанд, ҳазор дар бехаш об монанд, оқибат хушк шавад... Дурусттар фикр бикун: таъбелчӣ одами нағз.
«Чӣ мехоҳад ин далла?»
Андарӣ чӣ хостани ӯро медонист. Миёнаравони олам кам нестанд. Фарҷоми чунин ҳавасҳо низ хушӣ надорад. Аммо шайтон дар чунин корҳойи лағжонак касро бод диҳад.
«Усто, заната дар хона нигаҳ надор! Ба кори колхоз барояд!»
Ба дили Усто ҳам зад чунин зандорӣ. Гӯё ӯ занро баройи кори колхоз мегирад. Ба пешиниён он қадар ширеш нашуда буданд. Ба Андарӣ ҳама ҳавасманд. Зани сиёҳҷурдайи сурхрухсор ва чашмонаш оташбор ба онҳо хуш омадааст. Худи Усто низ ҳайрон, ки аз дасти мардони Соярӯ чигуна ин зан ба Офтобрӯ афтод. Кадоме ӯро диду хостгорӣ кард... инак Усто шаборӯз дар андеша:
«Занак, саргузашт-паргузашт дорӣ, ки гӯйӣ, шаб кӯтоҳ шавад?»
«Аз мӯйи сарам ҳам зиёд. Лекин чӣ лозим коҳи кӯҳнаро бод кардан?»
«Охир ман донам, ки ту чӣ касӣ?»
«Ҳамин хел зан! Асп он, ки зери рони савораш налангад...»
Усто чизе нафаҳмид. Аммо, ба таври хеш, дар олам кӯчаву тангкӯчае намонд, ки даробаро накарда бошад. Бунбаст буданд кӯчаҳо. «Ин зани зан мешудагӣ нест». Ӯ марди пургӯ нест. Аммо пурандеш. Ягон ҳарфу ҳодиса шавад, ба сони замбӯри сиёҳи чӯбхӯр аз кодок ба кодок «ғу-ғу!» карда мегардад. Чун сӯрохиву роғе пайдо кард, ҷой мегузинад ва резайи вассаву болорро руйи хона мерезонад. Устоийи ҳар ду якранг; чӯбхӯрӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё