Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Худатон ҳам ҳамин хел будед-ку! Як дам Шоъира набинед, нафасатон гашта, зери забон валидол мепартофтед. Сабр кунед! Онҳо ҳам пир шаванд, ба гӯшашон мағал намефорад...
– Охир, мо ин хел набудем, сар-сари девору пушти бом намегаштем! Хонаяки хилват меҷустем!
– Инҳо ҳам хонадор шаванд, ба якдигар пушт мегардонанд... Мав ҳам намешаванд; «мяв» ҳам намегӯянд...
11.04.07.
МАЛАХИ БЕГОНА
Мурғбон малахеро дошт. Ба малахҳойи маҳаллӣ монанд набуд. Бузург, сараш сари аспро монад, болаш қаноти тайёрайи дорупошро; таги болаш сурх. Мурғбон ба кадом мурғ додани онро надониста як пояшро канда пеши мурғон андохт.
Онҳо бар он дарафтида хунхорӣ карданд. Мурғбон ба қароре омад, ки малахи пойкандаро пеши мурғон андозад, то малахкашӣ кунанд; тамошо шавад. Малахи якпоро бар тори сари мурғон андохт. Малах бол кушоду парвоз карда аз девори ҳамсоя гузашт. Мурғбон ҳайрон нигоҳ мекард:
«Э, ин мепаридааст-э! Хаёлам, ки танҳо меҷаҳад...»

МАГАС
Магасе омаду рӯйи дастархон нишаст бар нон. Хонсолор каф заду дошт. Ва аз дил гузаронд: «Як болаш канда даруни қафаси чӯҷаҳо андозам, чӣ шавад? Кашокаши нафс!» Чун ангушт ковок кард, магас раҳо шуд. Хонсолор ҳаво мушт мекард.
Боз омад магас. Хонсолор каф заду дошт. Як болаш канд.
Раҳо кард. Магас ҷувозак гашт. Ба қафаси чӯҷаҳо андохт.
Онҳо нодида буданд; ҳайрон монданд. Сонӣ нӯл заданд. Магас малахона ба нерӯйи пой ҷаҳиданӣ шуд, натавонист. Зӯри ӯ дар болаш будааст. Чӯҷаҳо ба бозӣ даромаданд: яке нӯл зада гирифт ва аз қафас баромаданӣ шуд. Магас берун афтид.
Чӯҷаҳо якрӯя беруни қафас ба холи сиёҳ менигаристанд.
Хонсолор бори дигар магасро даруни қафас андохт. Зираке, ки нав чӣ будани онро дониста буд, нӯл заду фурӯ бурд. Дигарон ҳайрон монданд, ки он сиёҳак куҷо шуд: «Чу-чу!»
11.04.07.

пешина
аз 344
навбатӣ