Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ДИЛ ГУМ ЗАД
Ҷавонҳоҷӣ як моҳ одоби ҳоҷигӣ дошт. Дили одаткарда – балойи ҷон, ба кирдору рафторҳойи пешин боз дил гум зад.
Боре табассум дар лабонаш ба дӯсти ҳамкирдораш гуфт:
«Аз афти кор, бори дигар ҳаҷ рафтан лозим меояд...»

ДОМОД
Ин хел домоди берӯ, беадаб, бешармро таърих ёд надорад.
Ягон бор тугмайи зангро пахш намекунад, ки пирмард ё пирзан дарвозаро кушода ин домоди сип-сиёҳи чашмонаш оташбор ва думликкони хушомадзанро бинанд, лафзи ба забонашон омадаро гӯянд: «дафъ шав!» ва дарвозаро сахт ба рӯяш пӯшанд ва боз чанд соъат дар ҳаққаш дуъову сано хонанд:
«Рӯта Бӯалӣ бинад, бадсӯроб!» Аз ин рӯ домоди ошиқ аз сари девор парида мегузарад ва сар-сари бом гашта, суруд хонда Арӯсро даъват мекунад. Арӯс ҳам аз рӯйи ҳавас кор мекунад; ё дер мебарояд ё намебарояд. Домод шаб то рӯз дар ягон кодок ҷой шуда бо ҳазор дарду алам, сӯхтаму пухтам; «Бе ту марг аст, ай парирӯ, бар сари мо зиндагӣ!» мехонад. Чун арӯс дер кард, ба дӯғу пӯписа мегузарад; таҳдид ҳам мекунад; ҳамаро зеру забар карда, дуздида бурданашро низ мегӯяд.
Аммо арӯси «бениқоҳ» аз тозиёнайи хунини пирмарду забони тези пирзан ибо мекунад; Ҳар ду ба кор дарояд, дошта намешавад; чунки часпаки тормузҳо хӯрдашуда.
Ҳамсояҳо рӯзона ба сари соҳиб заҳр мечаконанд. Гуфта намешавад талху кинояйи онҳоро: «Зудтар шӯ тед-дия! То кай нисбатбозӣ?» Баъд кампир калтакро гирифта духтарро пешандоз мекунад: «Гум шав! Назди мазанги сиёҳат рав! То кай аз пушти ту гап мешунавам?! Дар балойи шумо – ҳофизҳо мондам-ку!»
Арӯс хуштар аз ҷон, гӯё соҳиб рухсат дода бошад, ҷаста сари девор мебарояд, рӯйи бом мегузарад, ба кодоки домод меравад. Дуэтхонӣ сар мешавад: домод мегираду арӯс; арӯс мегираду домод... Гӯши фалак кар мегардад. Ҳамсояҳо ба сари девор меоянд:
– Ӯй, ҳамсоя! Мемонед хоб кунем?!
– Чӣ кор кунам? Пеши роҳи ошиқонро гирифта мешавад?

пешина
аз 344
навбатӣ