МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Моро дар гуноҳ нағӯтонед... Бе ҳамин ҳам...
– Хуш омадед! То саҳар шумо меҳмони мо.
Пасон Эшонбобо ду-ду ҷӯраҳоро ба берун хонда ба меҳмонхонаҳойи ҳар гузар фиристод, то рамуз гиранд, ки чунон кор кӣ карда. Ду тан ба меҳмонхонайи Муқаддас низ омаданд. Ёру ҷӯраҳо чакак мезаданд:
«Чакакбандон омадем,
Чеҳрашиносон омадем,
Чакак ба дасти мо, ба кадом дасти мо?»
Ду гурӯҳ рӯ ба рӯ истода, зери як ҷомайи рӯйи зонуҳо густурда дастҳо дароварда суруди чакакро мехонданд ва баробар муштҳо аз зери ҷома бароварда сӯйи ҳарифон медоштанд:
«Ба кадом дасти мо?» Чеҳрашиносон пайдо кунанд, чакакро гирифта низ чунин амал мекунанд. Ҳар гурӯҳ то марра бой диҳад, зиёфат мекунад: чанголу.
Фиристодаҳо хуб озмуданд, чизеро сарфаҳм нарафтанд.
Ҷӯраҳо ягон-ягон бурун мерафтанд: яке дарояд, дигаре баромада коҳдон рафта, ош мехӯрд ва ба лаб кулӯх молида, омада менишаст. Дигаре мерафт. Меҳмонҳо диданд, ки ҳама саргарми чакакбозӣ, ҳеҷ зиндагӣ нест, хотирҷамъ шуданд. Халифа ҳар гоҳ оташкоб ба зери қӯри қашқарча мезанад, ки кӯмоҷ пухт ё на. Дар корсон равғани зард.
– Ба мо рухсат, як бинем, гуфтем.
– Сабр, кӯмоҷ кариб пухт...
– Лутфи шумо зиёд. Эшони Сайидхон гаштак доранд...
– Дер нашуд?
– Деги дуввумро нав монданд...
11.04.07.
ҲОҶИЙИ ҶАВОН
Ҳоҷийи ҷавонро пурсиданд:
– Чаро бо чунин ҷавонӣ сафари ҳаҷ кунӣ?
Гуфт:
– Пургуноҳам.
Гуфтанд:
– Зудтар бирав! То ба пирӣ расӣ, гуноҳатро гӯр нагунҷонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё