Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

САНГИ ГӮР
Аз рудхона санг мебароварданд. Бобо санги сиёҳи ба қади хеш баробарро бо мисрон тела дода бехи шах бурд, ки роҳи мошингардро соз кунанд, бор карда мебарад.
Ёр роҳсозӣ омаду сангро бурд.
Бобо: – Ёр! Як бор омадиву ҳамон сангро бурдӣ-а?
Ёр: – Ҳааа...
Бобо: – Вай санги ман буд.
Ёр: – Бесоҳиб ёфтам, бурдам.
Бобо: – Ту ҳамин хел: бесоҳиб, ки ёфтӣ, мебарӣ.
Ёр: – Чун ҳама...
Бобо: – Пеш мемурдагӣ бошӣ, майлат. Ман яка ба ҳазор розӣ.
Ёр: – Кафаниам тайёр.
Бобо: – Кафаниат тайёр бошад, ҳаққу ҳалол он қайроқ санги гӯри ту...
11.04.07.
АЛО!
– Ало?
– Лаббай!
– 50-58-189?
– Не! 505-81-89!
11.04.07.
ҲАВОЙИ САРД
– Ҳаво хунук шудааст.
– Аз чӣ донистӣ, Бобо?
– Ҳамин шаб дар бағалам пишак даромад.
11.04.07
БУКСИР
Тракторчӣ ошнояшро харсавор дида гуфт:
– Биё сувор шав!
– Хар дорам.
– Харро буксир банд.
Харсавор магар шавқманди саворийи трактор буд, ки зуд фуромада, нӯхтайи харро дар ҳалқайи паси трактор баст ва зуд паҳлӯйи тракторчӣ нишаста, ба чақ-чақ даромад. Тракторчӣ оҳиста ҷунбонд тракторро. Хар як фӯк пас заду ноилоҷ ба роҳ даромад; чунон ки курра аз паси хар.

пешина
аз 344
навбатӣ