Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Шояд аломати лоғариаш аз он захм бошад?
Зери офтоби тамуз чунин тани лоғар хуши кор дошта бошад ҳам мадор надорад. Бо вуҷуди он шутурхору талха ва дигар буттаҳойи молхӯрро бо ҳаччайи сада дошта, бо дасти чап дос меандозад. Чапағай. Гузаро шудааст теғаш баъди санг задан. Даставу дарзаҳоро бо досу душоха бар бандина монда мебандад. Неши шутурхор аз қабати буттаҳо гузашта, ба сойиду оринҷ ва зонуйи бандро пахш кардааш орувор неш мезананд. Лек Шайдойи дар майдони ҷангу арсайи меҳнат шиканҷаҳо дида ба чунин дардҳо парво надорад ва сӯзан гирифта хорҳойи зери пӯсташ мондаро намебарорад, балки меҳмон мекунад дар танаш. Чун варам карда зери пӯст обилачаҳойи сурхак барин даманд, пахш карда мекафонад ва худи нешҳойи аз хуну гӯшти ӯ сер гашта, баробари риму зардоб пиртӣ мебароянд, чунон ки ҳубобчаҳойи рӯйи кӯли Рангони Ҳафткӯл ба пешвози Офтоб худкушӣ кунанд.
Писарак хонаравиро фаромӯш кард, гарчӣ дар сояйи ҷома нанишастааст; хаёлу орзуҳо ва ташнагӣ низ аз сараш парид.
Ҳушу ёдаш банди тану тӯш ва чигуна бо чунин ҳол кор кардани амак буд. Чашм намеканад аз ҳаракатҳойи ӯ. Ба назараш амак сиву ду рагро таранг карда, лаб газида, хаёле оби чашм бароварда дос мекашад. Гоҳи сари дупо рост шуданаш як ларзид. Писарак пиндошт ғуз ё замбӯре газид. Вале ягон хунхор ба ӯ наздик намешуд, ки хун надорад. Ба хар мечаспиданд ва гоҳ-гоҳ Орзуро ҳуҷумовар мегаштанд Дарзаҳойи тухмбастайи шутурхор шаддайи марҷони гардани духтаракони деҳро ёд оваранд ҳам на Шайдо ба он эътибор медиҳаду на Орзу. Андаке зиёдтар дарза гирад донаҳойи ақиқини шутурхору кӯсакҳойи кӯкнорийи нӯгпатдори талха гаронӣ мекунанд. Досу ҳачча меандозад ба замин ва пас ба кафи дасти чап мениҳад.
«Чӣ хаёл мекарда бошад?» беихтиёр пичиррос мезанад писарак, лек амак намешунавад. Мушоҳидаҳояшро идома медиҳад: «Ҷуз орзуйи шиками сер армоне надорад... падарам низ аз пайдогарӣ мондааст...»
– Амак, ҳалок (хаста) шудед?

пешина
аз 344
навбатӣ