МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
ДАҲАНА
Саққо Номварро дида фармуд:
Даҳанайи заминамро ба пасоби замини ту рост кардам.
Хоҳиш дорам, ки ба дигар даҳана нагардонӣ!
Бо умеде, ки имшаб киштааш об хӯрд, рӯзи дигар хабар мегирад, ки замини дигаре об хӯрдааст. Арбадаву хархаша бо заминдори дигар мекунад, ки обро ба заминаш гардонидааст.
– Ӯ акойи Саққо! Ман аз мурдани худ хабар дораму аз ин кор не. Нав омадам, ки майсаро хабар гирам.
– Не! Шаб баъди ман омада даҳанаро гардондӣ, ҳозир омадӣ, ки хабар гирӣ!
– Не, ако, ман хабар надорам. Ку биёед, даҳанайи заминатонро хабар гирем.
Чун ба сари даҳана меоянд, маҳкам; нишони пайи каланд нест. Саққо хиҷолат мекашад:
– Бубахшед ҳамсоя, шаб дар торикӣ, даҳанаро ба замини шумо кушода будаам.
28.07.07.
ЭЪТИРОЗ
Ӯ зардолузорро чун «Хоҷагийи деҳқонӣ» сертификат карда гирифт. Вақти гули зардолу ҳаво сард шуд; тармотарид рехт.
Райис фармуд чодарҳойи хирмани пахтапӯширо сарсари дарахтон кашиданд. То ғӯра бастан зери дарахтон чархи мошин оташ зада, дуд карданд... Он сол зардолузорони дигарро офат зад; зардолуҳойи хоҷагийи таҷрибавӣ ҳамчу ангур дар нарду навдаҳо овехт. Гоҳи ранг овардани зардолу ҳар бинанда «ҳаҳ!
ё «ваҳ!» гуфт. Сол ба охир нарасида пасопеш чаҳор тан аз наздикони райис бо ҳар баҳона нобуд шуданд. Хулоса бароварданд:
«Пеши офати Худованд фиристодаро бигирӣ, эътирозест бо фармудаҳойи Ӯ».
31.07.07.
ГОВБИЗНЕС
Суми гови Ало суда шуд; ҳамоне, ки аз рафту омади роҳи
миёни бозорҳо кавшаки пояш кафида, нохунҳояш шикаста, ланг гашт; лоғару хароб ҳам шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё