Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Яъне, муаллимҷон! Шумо гуреза набудед; лекин дар ғор зиндагӣ мекардед; падари ман шуморо дар ғор дида...
– Не! Инту не! Ман саҳари баланд аз хона ба ғор мерафтам, ки падари шумо (шояд он вақт падари шумо набуд, чунки аз хонайи Усто Раҷаб баромад; шояд нисбатбозӣ рафта будааст) худораҳматийи падаратон рӯ ба рӯ омад. Ғайри ӯ маро касе надидааст.
– Шумо хафа нашавед, муаллим. Бояд ҳама чиз ба ман равшан шавад. Зеро таги таъна мондам, ки падари ман иштирокчийи Ҷанги Бузурги Ватаниро гуреза гуфтааст.
– Инту не. Ҳамайи ин корҳо пеш аз ҷанг рафтан буд.
– Яъне ин гапҳо дурӯғ?
– Дурӯғ не. Рост: Ман дар ғор ҳаёт мекардам...
– ... Камон ҳам доштед...
– Камон не. Милтиқча. Баройи он милтиқча, ки ман мили онро арра карда, милтиқча карда, зери ҷома гирифта мегаштам.
– Яъне, шумо гуреза не; дар ғор зиндагӣ мекардед; милтиқча ҳам доштед. Падари ман тӯҳмат карда шуморо дошта ба орган дод?
– Не! Он кас маро дошта надодааст. Ҳар дуямон ҳамчун ду дузд, саҳари баланд рӯ ба рӯ омадем... Танҳо ӯ маро дида буд.
– Пас падари ман чӣ бадӣ дошт, ки шумо дар қасди ҷони ӯ шудед ва баъди шаст соли хотимайи ҷанг устухони ӯро мехоед?
– Шишта-шишта алам кард?
– Гуреза буданатон ё бо падари ман дучор омаданатон?
– Ман гуреза набудам... Ана бинед, гӯристон рӯ ба рӯ.
Оқибат ҳама ҳамон ҷо меравем. Дурӯғ чӣ лозим? Ман хабар додани он касро намедонам. Лекин баъди рӯ ба рӯ омадан маро дастгир карданд.
– Бино ба шуниди ман – шумо дар Ӯсмат ҳам гуреза будед.
Кадом шиносатонро пушту паноҳ дониста, гурехта ба ин ҷо омадед ва дар ин ҷо ҳам гуреза шудед. Рост аст?
– Гуреза не. Ҷойи ҳаёт кардан надоштам. Дар ғор ҷой гирифтам. Он ғорро ҳама медонистанд, аммо аз рафтан метарсиданд. Ғори Амбали бадвоҳима не... Камари Дукчӣ. Ҷояш бадвоҳима.

пешина
аз 344
навбатӣ