Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бобо гарчӣ дилак зада, даҳон кушода, аз ташнагӣ ҳалқак мезад, асо сахт дошта пурғазаб аз сари марза хест. Гӯсола ба мошин расида, гардани хорида месовид.
Дигарон низ тақлид карда худро ба мошин зада, гардану тан совида, хориш мекуштанд, ҳам тела медоданд. Мошини даргирон ин замон хомӯш гашта, андак ларзид. Ҳайвонҳо оне ҳайрон истоданд ва боз ба сов-сов даромаданд. Мошин ҷунбид ва равон шуд то танайи тут. Ба тут бархӯрд. Пешгиракаш каме фурӯ рафт. Гӯсолайи нозгунҷ боз бо ҷасту хез ба рақс омад ва пайи дамидайи шох ба мошин совид.
«Сари соҳибата хур!» гӯён соҳиб ба сари гӯсола чӯб зад.
Гӯсола «бӯъ!» садо бароварду калавида афтид ва чаҳор дасту пояш боло шуд.
«Дада!!! Вай гӯсолайи худамон!!!» ба дари хона баромада дод зад духтар.
15.06.07. Амондара.

РӮ БА РӮЙИ ГӮРИСТОН
– Муаллим! Бубахшед!
– Ҳаа, ин шумо? Писари...
– Бале, писари...
– Хӯш?
– Аввалан узр мепурсам...
– Чӣ ҷойи узр, кори шудагӣ шуд.
– Намедонам шумо дар кадом бора мегӯед... Лекин ман ба наздикӣ як гап шунидам, то ҳол ба гӯшонам бовар намекунам.
– Бовар кунед.
– Бовар кунам?
– Бале, бовар кунед, рост!
– Яъне: шумо дар солҳойи ҷанг гуреза будеду падари ман шуморо дошта ба орган супурд?
– Не, ман гуреза набудам. Лекин тӯҳмат карда, маро дошта ба орган супурданд.
– Ҳамин корро падари ман кард?
– Не. Худи орган дошт. Лекин дар ғор ҳаёт кардани маро танҳо Ҳамроҳи Қодир дида буд.

пешина
аз 344
навбатӣ