МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Думак зада, пашша меронданд: «Ба соҳиб чӣ шуда бошад, ки роҳро бастааст?» Сонӣ саргин карда, наъразанон, ки ҷуз худашон маънийи чунин наъраро касе намефаҳмид, якдигарро шох зада, аз байни галагов роҳ кушода мерафтанд; пасомадаҳо низ ба дарвоза расида, ҳол дида норозӣ бонг мезаданд. Баъд чанд кӯчаву боғу рахнаҳоро тоб хӯрда аз дигар дарича меомаданд.
Соҳиб ғамӣ мегашт. Чунон ки галайи гургон ба рама зада бошад ва як чӯпони асобадаст онҳоро ронда натавонад, аз як сӯ гардонад, аз сӯйи дигар меомаданд.
Боре соҳиб-меҳмон мошинсавор баромаду дарвозаро, ба умеди наберагон шуда, набаст. Наберагони ба боғи бедарвоза одаткарда дарвозаро напӯшиданд. Соҳиб бозгашт кард ва боғро «боғи ҳайвон» дид. Пур аз гӯсолаву навбасту ғунонҷини бесоҳибу дайдуву рихин, ки гоҳи рафтанаш дар кӯчаву паскӯча ва сари роҳу пеш-пеши мошин буданд. «Ба боғи мо мераванд»
гуфта буд. Ҳамчунон шуд. Онҳо, ки дар кӯчаҳо муши мурда барин буданд ва ба мошин роҳ надода ноҳинҷор мегаштанд, дар боғ дум хода карда, чаҳор дасту пояшон ба замин нарасида, аз як канора ба каронайи дигар метохтанд ва ҷасту хез доштанд. Боборо ҳаждаҳаш ба замин зад, мошинро ҳам хомӯш накарда калтак гирифт ва ҳамроҳи наберагон ба рондани сайёҳони нохонда машғул шуд. Лек чунин рафтор ҷонваронро писанд омад, ки дар зери ҳавойи мусиқийи говрона рақсу бозӣ мекарданд; наберагонро хуш омада, завқ мебурданд; бобо зери обу арақ монда «Чӯк! Бош! Сабил мон!» мегуфт. Сӯйи дарвоза ронанд, пешгаҳи боғ метохтанд. Гиёҳе надорад боғ, лек сайёҳонро хеле хуш омадааст. Шояд ҳавояш мувофиқ бошад? Бобо намешинохт, ки гӯсолаҳойи кӣ? Лекин тохтутози масхараомез ва сарсонкорашон ҷони ӯро ба лаб оварда буд. Зери обу арақ монда, даҳон кушода нафас мегирифт. Сари марза нишаста, ба думи қарқараашон нигариста «сари соҳибата хӯр!» мегуфт. Бавижа гӯсолайи ғуммачайи сермӯйи бетабъ, ки ресмондаргардан шодмонӣ дошт; ҷуфтак зада, ҳамонанди оҳубарра меҷаҳиду мепарид ва дигарон ӯро пайравӣ карда чанги замин ба осмон мебардоштанд, хашму ғазаби ӯро афзуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё