Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Ақаллан аз куҷо буданатро гап зан!»
«Аз Суғд...»
Сонӣ пурсуҷӯ сар шуд:
«Ман дар тарбияйи холаам. Модарам бемори рӯҳӣ... Ҳар моҳ шаш сомонӣ ёрийи башардӯстона мегирам... Ҳамин пулро ҷамъ карда ба саёҳати Олам баромадам».
Бовар накарданд. Истинтоқ сахт шуд:
«Гарав буд... Аз фанни таърих хондем, ки Мароқанд шаҳри тоҷикон. Вале имрӯз пойи тоҷик ба он шаҳр расад, зада мешикананд. Ҳамсинфон ба ситеза ё ба киноя Мароқанд шаҳри ӯзбакон гуфтанд. Ман сар бардоштам, ки Мароқанд шаҳри тоҷикон. Баҳс шуд; сухан аз ҳадду сарҳадди он рафт: «Паррандае аз сарҳад пар зада гузарад, параш месӯзад; ҷонваре убур кунад, пояш мешиканад». Чунки саросари ҳамсарҳади хоки Тоҷикистонро миназор гардонида буданд; чӣ қадар мол мурду чӣ сар чӯпону сайёд. Гарав бастем: «Ҳар кас хатти масдудро убур кунад, ҳамсинфон фалон доллар ҷамъ карда медиҳанд... Мани сағирайи бекас ба ин роҳ рафтам...»
«Ҷосуси хавфнок» ном ниҳоданд. Сонӣ чун «хойини ноболиғ» ба «Хонайи Бепарастор»-и шаҳри Хӯҷанд фиристоданд...
14.06.07. Амондара.

ГӮСОЛАЙИ ХУДАМОН
Пода одат карда буд дар ин боғи чорроҳайи бедарвоза.
Гоҳи ба чаро рафтан ба боғ даромада зиёрат карда мебаромад пода, гоҳи бозгашт ҳам. Дар ин боғ ҷуз сангу реги селовард гиёҳе боқӣ намонда бошад ҳам, чун даҳанмазза шуда буданд, безиёрат намегузаштанд. Чун боғдори шаҳри дур боғро санглох дид, дуди оҳаш ба осмон расид. Дарвозайи молманъ шинонд; дарвағна: устойи шинос аз тахтаҳойи сабук чун қолаби тахтачаҳойи бодбарак дарвозайи дутабақа сохт ва сар ба сар оварда гӯшак шинонду қуфл зад, вале гови шоххами худӣ сар аз роғи он дароварда, сар бозпас гирифта натавонист ва зӯр зада табақайи онро ба гардан бардошта даромад; тахтаҳо арра карда, сари гов раҳониданд. Соҳиб дарвозайи оҳанӣ фармуд.
Шасти подаро гардонд. Говон пеши шохашон садди чинӣ дида ҳайратзада бозмеистоданд; ба якдигар нигариста бонг мезаданд, ки дари биҳишт ба рӯяшон бастаанд.

пешина
аз 344
навбатӣ