МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ҳамту ки бошад, бадномийи падари ман аз чӣ рӯ?
– Чӣ хел? О мана диданд-ку?! Боз «дар таги ҷомаат чӣ дӯнг?» гуфта милтиқчаро диданд-ку?
– Пас шумо бегуноҳу падари ман гунаҳгор?
– Албатта ман бегуноҳ... Кӣ мехоҳад, ки беҳуда мурад?...
Аз баройи кадом мардуми бегона шуда... Ҳамту замони озодӣ, истиқлол мерасидааст-ку!? Чӣ лозим буд ҷавононро ба дами тиру тӯп фиристодан? Худатон бинед: ватандорҳо ҳама зери хок. Ба ном душманҳо, гурезаҳо сиҳату саломат.
– Аз назари шумо ҳамин хел. Дар асл – онҳо зиндаву ҷовид.
– Дидед! Писари душман, ки ҳастед, шумо ҳам мурдани маро мехоҳед... Неее... Ман то қасдамро нагирам, намемурам...
16.06.07. Амондара.
ПЕШПАРДОХТ...
Райиси нав чун райисони замони Шӯравӣ дар пой латтамӯза дошт; латтамӯзайи тагрезин, гирди пой тасмайи сиёҳдор, чоки пушташ ҳам; сарӣ аз кандири сахти хокиранг.
Навъе мори нақшинро ёд меовард. Райис бовиқор қомат боло гирифта ва телефони дастӣ ба гӯш оварда «ало!» гуфт ва дигар садо набароварда бо ишорйи сар посухи радду бадал кардан гирифт, ки ҳамсӯҳбати гӯшӣ рӯ ба рӯяш бошад. Даст сари сина гузошта тасдиқ ҳам мекард суханони шахси ғойиби ҳозирро.
Зери сояйи сада, андар лофгаҳ нишастагон чашму гӯш ба райис доштанд, ки дигаргуна метофт:
«Дидӣ раисата, Раҳмат?»
«Вай райиси ман не, раийси Аҳмад».
«Райиси ту!»
«Райиси шумо!»
«Аҳмад ҳеҷ гоҳ райисбоз набуд!»
«Раҳмат ҳам».
«Чӣ хел? Дар маҷлис «фарқ надорад, ки кадоме райис мешад. Ба мо як газ нон ёфта диҳад, мешад!» гуфта пардайи гулӯ даррондагӣ ту набудӣ?!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё