МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Мард гӯё ҳама ҳарфҳояш гуфта шуданд, вазни гаронашро бардошта хест; батамкин ва хеле солорона қомати хамидаашро рост кард. Зеро бист сол аст, ки аз даҳони шӯ сухан набаромада, зан «даҳаната пӯш!» мегӯяд. Ва мард хона даромада сӯзану ришта бароварда занро фармуд:
– Чашмам намебинад; гузарон!
– Чӣ кор мекунед?
– Эзорамро медӯзам...
Зан ришта аз чашми сӯзан гузаронида сӯйи мард дароз кард.
– Не... сӯзану ришта ба ман лозим нест... туро лозим.
– Изори ман даридагӣ не, дадеш...
– Эзорро не, даҳони маро дӯз!
ҶӮРАБЕК ГӮЯД:
«Мулло Шеръалӣ ба наваду ду даромада мурд. Лекин то мурдан менӯшид. Рӯзе падарам пурсиданд:
– Мулло Шеръалӣ, ҳаштод сол боз менӯшед, бас нест?
Гуфт:
– Не, Мулло Муродбек. То мурдана мезанам. Дар гӯр ҳам бояд бӯяш аз даҳонам ояд. Пурсандаҳо ба гӯр даромада, бӯйи арақро шунида, зоро напурсида, баргашта раванд...»
Душанбе.
ФОТИМАЙИ АЖДАР
Ӯро аз ин рӯ Фотимайи Аждар ном ниҳода буданд, ки ба занони ин музофот монанд набуд; сафедпӯсти кабудчашм ва малламӯйи бузургдаҳон буд, ки камарчайи даҳонаш то баногӯш мерасид. Калонгап ҳам буд. Чени даҳонаш овоз мебаровард. Нозо буд. Аз армону орзӯйи хеш ва аламу номуродӣ ба касони бефарзанд раҳмхорӣ мекард; мехост ҳама бефарзандони ҷаҳон бачадор бошанд. Аз он ки аз бекасиву беҳосилӣ зиёд ғам мехӯрду шабони дароз гургосо нӯлаву зуза мекашид ва ғамиву ғашӣ сар ба ҳар кӯй мезад, чу нокасу ҳаромро рӯ ба рӯ меомад, дарафтида, сурати девор мегардонд.
Ва касе ёройи сухани ноҷо гуфтан ва кирдори носазо кардан надошт. Зеро Фотима даҳони ғоросояшро фарох кушода, ба ӯ чу аждар дармеафтид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё