Зеҳн
ЗАН ВА ДЕВ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 16 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Эй Бузургсанг, оё ту писари маро надидӣ? – гуфту боз аз нав чунон гирист, чунон гирист, ки санг аз боло ғел зада, ба поён афтод. Санг ғелид, ғелиду пеши боз як кӯҳ қарор гирифт. Аз он ҷо садои писарча ба гӯш мерасид.
Дев мегуфт: – Агар туро газам-чӣ?
– Не, маро нагаз, ҷонам дард мекунад! – мегуфт писарча.
– Хайр ҳо ба он сӯ партояму майда-майда шавӣ-чӣ?
– Не, не, маро ба ҳеҷ ҷо напарто, очаҷонам дигар маро ёфта наметавонад, – гуфт писарча.
– Агар ҳӯппӣ карда хӯрам-чӣ? – гӯён Дев қоҳ-қоҳ зада хандид.
Ҳамин вақт модараш расида омаду ба Дев – эй Деви бадкор бас кун хандаро, ба ман гӯш деҳ, – гуфт Зан.
– Бигӯ, ба ивази писарам ту аз ман чӣ мехоҳӣ?
Дев гуфт: – Қуввататро ба ман деҳ! Мехоҳам Деви пурзӯру бузург шавам.
– Майлаш, – гуфт модар ва қувваташро ба Дев доду писарчаашро аз Дев халос карда, ба хона омад.
Оҳиста-оҳиста Дев калону бақуввату баҷусса шуд.
Чандин вақт гузашт, боз тобистон шуд. Дев худ ба худ фикр кард, ки: – чаро ин зан ин қадар зебову ман бошам сиёҳу бадрӯ. Нашуд, боз назди он зан мераваму писарчаашро дуздида ҳуснашро, зебогиашро талаб мекунам. Деви бадкирдор бо ҳамин мақсад боз ба ҳамон токзор парида омад. Аз дур дид, ки зан каме кор мекунаду монда шуда ба замин мешинад ва боз аз ҷо хеста кор мекунаду боз ба замин мешинад. Дигар он қуввати пештарааш гум шудааст. Дев худ ба худ завқида механдад. Пас оҳиста-оҳиста пеши писарча, ки даву тоз карда гашта буд, наздик мешаваду сахт дасташро меқапад, ки як оташаки сӯзоне дасташро месӯзонад.

пешина
аз 16
навбатӣ