ЗАН ВА ДЕВ

Хӯроки бачагонаш
Авқоти субҳу шомаш
Гӯшти филу мор будаст,
Рӯбоҳи маккор будаст.
Чаққон воқеаро зуд
Ба Рух ҳикоя намуд.
Рух болу параш воз кард,
Сӯи ҳавзак парвоз кард.
Чаққон парид аз қафо,
Аз пушти мурғи доно.
Руху Чаққон омаданд,
Лаби ҳавз фаромаданд.
Диданд, ки ҳавз дар хурӯш,
Мӯсичаякон хомӯш.
Мори баднафси бало,
Карда сарашро боло,
Сӯи Лолою Доно
Бо умед дорад нигоҳ,
Секин-секин мехазад,
Ҳама аз вай метарсад,
Ҳамин вақт Рухи доно
Нӯлашро намуда во,
Ба болои мор парид,
Аз миёни ӯ қапид.
Мори калони бадафт,
Сар намуд афту дарафт.
Хост, ки Рухро печонад,
Ба ӯ заҳраш чаконад.
Рух панҷаашро бикшод,
Бар каллаи мор ниҳод.
Мор роҳи халосӣ кофт,
Худро ба ҳар сӯ партофт.
Аммо Рухи паҳлавон,
Рухи кордону чаққон,
Сари мори дилсиёҳ
Намуд аз танаш ҷудо.
Сонӣ ба боло парид,
Аз назар ғоиб гардид.
Ба он Рухи қаҳрамон,
Ба Чаққонаки кордон,
Ҳама офарин гуфтанд,
Сухани ширин гуфтанд...
Лили – лилии ҳавзак,
Канораконаш сабзак,
Аз нав софу ором шуд,
Рӯз рафту вақти шом шуд,
Гирду атроф хушрӯ шуд,
Боду ҳаво хушбӯ шуд.
Панҷ додари меҳрубон,
Мӯсичаҳои хушхон
Гуфтанд: тӯйро сар кунем,
Ҳамаро хабар кунем.
Тайёр ҳезума кафонд,
Савлат об оварда монд.
Айёр дар гиронд алав,
Давлат пухт оши палав.
Тайёрӣ ба тӯй сар шуд,
Чаққонак тӯйхабар шуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё