ЗАН ВА ДЕВ

ЛИЛИ – ЛИЛИИ ҲАВЗАК
Лили – лилии ҳавзак,
Канораконаш сабзак.
Гунҷишкакони бисёр
Гирди он шуда қатор,
Ҳар лаҳза дон мечинанд.
Резаи нон мечинанд
Панҷто гунҷишки нӯлзард,
Панҷ додари бачамард,
Дар шохи беди боло
Сохта лонаи зебо.
Панҷашон ҳам тифоқанд,
Ҳама димоғи чоқанд.
Якеш Айёр ном дорад,
Дуюм Тайёр ном дорад,
Номи сеюмаш Савлат
Номи чорумаш Давлат.
Ба додари хурдишон
Мондаанд номи Чаққон,
Чунки хеле чаққон аст
Кордону меҳрубон аст.
Ҳамсояи гунҷишкон,
Мӯсичаҳои хушхон
Ба ҳамдигар ғамхоранд,
Як ҷуфти вафодоранд.
Ҳар саҳар пеш аз офтоб
Бедор мекарданд аз хоб,
Тамоми ҷонваронро,
Дӯстони меҳрубонро.
Дар фасли сабзи баҳор Мӯсича шуд бачадор, Ду мӯсичаи ало Ду майдачаи зебо.
Номи якеш «ДОНО» шуд, Дуюминаш «ЛОЛО» шуд.
Аз саҳарӣ то ба шом Ин ҳарду додар мудом
– Оча, дон те, – мегуфтанд,
– Ота, нон те, – мегуфтанд.
Мӯсичаочаи шод, Мӯсичаотаи шод Ба зебочаҳои худ Хӯрок медоданд зуд-зуд.
Хӯрок буд фаровон, Мешуданд онҳо калон...
Рӯзе як мори калон Ба ҳавзак шуда равон Омадааст дуздона Сӯи мӯсичахона.
Чаққонак онро дидаст, Дидасту натарсидаст.
Гуфтаст: сабр кун, ҳоло Медиҳам адабатро.
Чаққони далеру шӯх Зуд хабар додаст ба Рух...
Рух ин як мурғи калон, Дӯсти ҳама ҷонварон, Ба ҳама ёрирасон, Ба дарди ҳама дармон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё