Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тарзи таърихии омӯзиши забон, - ба ақидаи Буслаев, - ҳар ду тарзи авваларо (филологиву лингвистӣ) муттаҳид намуда, сарҳади мантиқу грамматикаро саҳеҳ мекунад ва алоқаи забону тафакурро нишон медиҳад. Дар натиҷаи тараққиёти таърихӣ мантиқи забон ба вуҷуд оварда мешавад, ки «вай нисбат ба мантиқи шахсони ҷудогона, бо вуҷуди ниҳоят борикбин ва пурмаънӣ будани он, аниқ, қатъӣ ва ҳаматарафа мебошад». Аз ин рӯ, мантиқи грамматикаи таърихӣ аз мантиқи грамматикаи умумӣ (фалсафӣ) фарқ мекунад.
Ба фикри Буслаев, Беккер сарҳади саҳеҳи грамматика ва мантиқро ҷудо карда натавонист, чунки маълумоти зарурии таърихӣ доир ба забонҳо надошт. Ӯ ба грамматикаи умумӣ (фалсафӣ) такя карда, қолабҳои мантиқро бевосита ба забон ҷорӣ менамуд, хусусиятҳои хоси забонҳоро ба назар намегирифт. Буслаев қайд мекунад, ки Беккер танҳо ба синтаксис диққат медод, муносибати аъзоҳои ҷумларо бо ҳиссаҳои нутқ ба назар намегирифт, дар натиҷа грамматикаи ӯ илм доир ба забон набуда, балки татбиқи қонунҳои мантиқ ба материали тайёри забон буду халос.
Бо вуҷуди ин Буслаев таъкид мекард, ки грамматика бояд ба мантиқ такя намояд. Ҷумла дар маркази системаи грамматикии Буслаев меистад. Ӯ синтаксисро асоси тамоми забон медонад. Морфология, - ба фикри ӯ, - шаклу таркиби калимаҳоро барои тартиб додани ҷумла мувофиқат мекунонад. Морфология мисли калима қисмати синтаксис аст. Буслаев таълимоти худро дар хусуси асоси мантиқӣ-шаклии ҷумла, ихтисор ва муттаҳидшавии он, аъзоҳои пайрав ва ҷумлаи пайрав баён намудааст.
Аломатҳои мантиқӣ-семантикӣ асосӣ шуморида мешавад, таҳлили синтаксисӣ ҳам ба ҳамин асос карда шудааст.

пешина
аз 210
навбатӣ